Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Савори суханро замир аст майдон,

Савори суханро замир аст майдон, Савораш чӣ чиз аст? – Ҷони сухандон. Хирадро инон созу андешаро зин, Бар аспи забон андар ин паҳнмайдон. Ба майдони хеш-андар аспи суханро Агар хубу чобуксаворӣ, бигардон. Ба майдони танг-андарун аспи курра Нигар, то натозӣ ба пеши саворон. Саворони тозандаро нек бингар, Дар ин паҳнмайдон зи тозию деҳқон. Араб бар раҳи шеър дорад саворӣ, Пизишкӣ гузиданд мардони Юнон. Раҳи ҳиндувон сӯи найрангу афсун, Раҳи румиён зӣ ҳисоб асту алҳон. Мусаххар нигор аст мар-чиниёнро, Чу бағдодиёнро санооти алвон. Яке бозҷӯяд ниҳуфта зи пайдо, Яке боздонад гаронро зи арзон. Талаб кардани ҷову тадбири маскан Тарозидани обу тақдири бунён. Дар ин ҳар тариқе, ки бар ту шумурдам, Саворон ҷалданду мардон фаровон. Кӣ донист аз аввал чӣ гӯӣ, ки эдун Замонро бипаймуд шояд ба пингон? Кӣ донист, к-аз нури Хуршед гирад Ҳаме равшанӣ Моҳу Бирҷису Кайвон? Кӣ донист, к-андар ҳаво бе сутуне Ситодаст дарёву кӯҳу биёбон? Кӣ донист чандин Заминро масоҳат, Саду шаст чанд ӯст Хуршеди тобон? Кӣ кард аввал оҳангарӣ, чун набудаст Аз аввал на анбур, на хоиску сандон? Кӣ донист, к-ин талху нохуш ҳалила Ҳарорат биронад зи таркиби инсон? Кӣ фармуд аз аввал, ки дарди шикамро Пуруз бояд аз Чину аз Рум волон. Кӣ буд он, ки ӯ сохт шангарфи румӣ Зи гӯгирди сурху зи симоби ларзон?