Кӣ пурсад з-ин ғариби хори маҳзун,
Кӣ пурсад з-ин ғариби хори маҳзун,
Хуросонро, ки бе ман ҳоли ту чун?
Ҳам эдунӣ, чу ман дидам ба Наврӯз,
Хабар бифрист, агар ҳастӣ ҳам эдун?
Дарахтонат ҳамепӯшанд мубрам,
Ҳамебанданд дастори табархун?
Ниқоби чиниву румӣ ба найсон,
Ҳамебандад сабо бар рӯи ҳомун?
Нисор орад арӯсонро ба бустон
Зи гавҳарҳои алвон моҳи конун?
Ҳамесозанд тоҷи фарқи наргис
Ба заррин ҳуққаву лӯълӯи макнун?
Гар эдуниву эдун аст ҳолат,
Шабат хуш боду рӯзат неку маймун!
Маро боре дигаргун аст аҳвол,
Агар ту нестӣ бе ман дигаргун.
Маро бар сар амомай хаззи адкан
Бизад дасти замон хуш-хуш ба собун.
Маро ранги табархун даҳри ҷофӣ
Бишуст аз рӯйбандам б-оби зарюн.
Зи ҷаври даҳр «алиф» чун «нун» шудастам,
Зи ҷаври даҳр «алиф» чун «нун» шавад «нун»,
Маро дунон зи хонумон биронданд,
Гурӯҳе аз намози хеш соҳун.
Хуросон ҷои дунон гашт, гунҷад
Ба як хона-дарун озода бо дун?
Надонад ҳолу кори ман ҷуз он кас,
Ки дунонаш кунанд аз хона берун.
Ҳамоно хашми Эзид бар Хуросон
Бар ин дунон биборидаст гардун,
Ки авбоше ҳаме бехону бемон
Дар ӯ имрӯз хон гаштанду хотун.
Бар он турбат, ки борад хашми Эзид,
Бало рӯяд набот аз хоки маснун.
Бало рӯяд набот андар замине,
Ки аҳлаш қавми Ҳомонанду Қорун.
Наботи пурбало ғуз асту қипчоқ,
Ки рустастанд бар атрофи Ҷайҳун.