Дер бимондам дар ин сарои куҳан ман,
Дер бимондам дар ин сарои куҳан ман,
То куҳанам кард сӯҳбати даю баҳман.
Хаста аз онам, ки шаст сол фузун аст,
То ба шабонрӯзҳо ҳаме биравам ман.
Эй ба шабон хуфта, зан мабар, ки биёсуд,
Гар ту биёсудӣ ин замона зи гаштан.
Хештани хешро раванда гумон бар,
Ҳеч нишаста, на низ хуфта мабар зан.
Гаштани чарху замона ҷонваронро
Ҷумла кашандаст рӯзу шаб суи гаштан.
Эй бихрад, бо ҷаҳон макун ситаду дод,
К-ӯ бистонад зи ту каланд ба сӯзан.
Ҷустам ман сӯҳбаташ, валекин аз ин кор
Суд надидам аз он, ки суда шудам тан.
Гар ту нахоҳӣ, ки зери пой бисояд-т,
Даст набояд-т бо замона пасудан.
Навшудаи навшуда куҳан шавад охир,
Гарчи ба ҷон кӯҳи Қоранӣ, ба тан оҳан.
Гар-т ҷаҳон дӯст аст, душмани хешӣ,
Душмани ту дӯст аст, дӯсти ту душман.
Гар битавонӣ зи дӯстии ҷаҳон раст,
Бингар, к-аз хештан тавонӣ растан.
Вой бар он, к-ӯ зи хештан набарояд,
Сӯхта бодаш ба ҳар ду олам хирман.
Дӯстии ин ҷаҳон нуҳунбуни дилҳост,
Аз дили худ бифкан ин сиёҳ нуҳунбан.
Маскани ту оламест равшану боқӣ,
Нест туро олами фурудин маскан.
Шамъи хирад барфурӯз дар дилу биштоб
Бо дили равшан ба сӯи олами равшан.
Чун ба дил-андар чароғ хоҳӣ афрӯхт,
Илму амал боядат фатилаву равған.
Дар раҳи уқбо ба пой рафт набояд,
Балки ба ҷону ба ақл бояд рафтан.
Хуфта марав низ беш аз ину чу мардон
Доман бо остин-т баркашу барзан.
Тӯшаи ту илму тоат аст дар ин роҳ,
Суфраи дилро бад-ин ду тӯша биёган.