Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

То кай кунӣ гила, ки на хуб аст кори ман

То кай кунӣ гила, ки на хуб аст кори ман В-аз тирамоҳ тиратар омад баҳори ман? Чун бингарӣ, ки шаст бидодӣ ба тамъи шаш, Навҳа кунӣ, ки вои гули ман зи хори ман. Чун ман зи баҳри мол диҳам рӯзгори хеш, Ояд ба мол боз ба ман рӯзгори ман. Ҳаргиз наёмадасту наёяд гузашта боз, Бар қавли ман гуво бас перору пори ман. Дар ман нигар, ки ман-т басам равшан ойина, Яксар нигори хеш бибин дар нигори ман. Ғарра машав ба орази анбарнаботи хеш В-андарнигар ба орази кофурбори ман. Мӯям чунин сапед зи гарди сипоҳ шуд, К-омад сипоҳи даҳр суи корзори ман. Ҷонам ба ҷанги даҳр хирад чун ҳисор кард, Ёрад ҳагирз даҳр зафар бар ҳисори ман? Андар ҳисори ман нарасад дасти рӯзгор, Чашми замона хира шуд андар ғубори ман. Кардам канора аз тарабу бенасиб монд Ин садҳазорсола арӯс аз канори ман. Он ғамгусори дина маро ғамфизой гашт В-он ғамфизой гашта кунун ғамгусори ман. Озод шуд зи бори ҳама халқ гарданам, Имрӯз чун зи халқ бияфтод бори ман. Доно маро биҷусту ман ӯро бихостам, Ман хостори ӯ шудам, ӯ хостори ман. Роз ошкора карду дили ман шикор кард, То ошкори аҳли хирад шуд шикори ман. Сӯи қавӣ ниҳони ман аз чашми дил нигар, Ғарра машав ба пушти заифу низори ман. Гар зӣ фалак барорад сар нори хотирам, Хуршед нури хеш бисӯзад ба нори ман. Тира-ст Зӯҳра пеши замири мунири ман, Хор аст Тир зӣ қалами тирахори ман. Аз ман нисор шукру ҷавоби муфассал аст, Онро, ки аз суол тирозад нисори ман. Чун ман гираҳ занам ба сухан, бар куҷо ниҳад Суқрот даст бар гираҳи устувори ман?