Дарди гунаҳро наёфтанд ҳакимон,
Дарди гунаҳро наёфтанд ҳакимон,
Ҷуз ки пушаймонӣ, эй бародар, дармон.
Чист пушаймонӣ? Он ки бознагардад
Мард ба коре, к-аз он шудаст пушаймон.
Нест пушаймон дилат, агар ту бар онӣ,
То-т чӣ гӯяд фалон фақеҳу беҳмон.
Қавли фалону фалон туро накунад суд,
Гар-т бишахшад қадам зи пояи имон.
Миллати ислом зайъатест муборак,
Кишту дарахташ зи мӯъмин асту мусулмон.
Барзгарӣ кун дар ин замину матарс эч
Аз шағабу гуфтугӯву ғулғули хасмон.
Гар-ш биварзӣ ба ҷои ҳезуму гандум,
Уди Қаморӣ барию лӯълӯи Уммон.
В-ар мутағофил бувӣ, зи кор бибурранд
Бехи дарахтону соқи киштат кирмон.
Чашми хирад боз кун, бибин ба шигифтӣ,
Хасми фаровон дар ин зиёъ хиромон.
Барзгаронро нигар, чӣ гуна зи мастӣ
Баҳраи Ҳорун ҳамедиҳанд ба Ҳомон.
Ҳуш аз уммат ба дому зарқ бибурданд
Зарқфурӯшони саъбу сохтадомон.
Дом ҳам аз мо бисохтанд, чу диданд,
Сӯи хушиҳои ҷисм майлу ҳавомон.
Рухсати секии пухта буд яке дом,
Дигар доме ҳадиси ишрати ғилмон.
Халқе аз ин шуд ба сӯи мазҳаби Молик,
Фавҷе аз он шуд ба сӯи мазҳаби Нӯъмон.
Рӯи ғуломони хубу секии равшан
Қиблаи уммат шуданду доми имомон.
Дин ба ҳазимат шуд аз даводави девон,
Ном наёбад кас аз шариат ҳазмон.
Кас набарад номи ворисони паямбар,
Халқ нагӯяд, ки буд Бӯзару Салмон.
Номи Алӣ бар забон кӣ ёрад рондан,
Ҷуз ки ҳакимон ба узрҳову ба паймон.
То кай гӯӣ ба макру ҳилати девон
Мулки Сулаймон чӣ гуна шуд зи Сулаймон?