Бингар бад-ин работу бад-ин саъб корвон,
Бингар бад-ин работу бад-ин саъб корвон,
То чунки солу моҳ давонанд ҳардувон.
Ман мар-туро намудам, агарчи надида буд
Бо корвон работ касе ҳардувон давон.
Аз рафтани работ, на низ аз шитоби худ
Огоҳ нест бештар аз халқи корвон.
Хуфта-в нишаста ҷумла равонанд бо шитоб,
Ҳаргиз шунуд кас ба ҷаҳон хуфтаи равон?
Дар роҳи умр хуфта наёсояд, эй писар,
Гар боядат, бипурс зи донои ҳиндувон.
Ҷои диранг нест, маранҷон дар ин работ
Барҷастани диранг ба беҳудагӣ равон.
Баррас, к-аз ин маҳал ба чӣ хорӣ бурун шуданд
Исфандёру Баҳману Шопуру Ардавон.
Ҳар-к омадаст, зуд бирафтаст бедиранг,
Бархон, агар нахондаӣ ахбори хусравон.
Мафкан чу гӯсфанд тани хешро ба ҷар,
Тимори хеш худ куну мангар ба ину он.
Эй аз ғамон навон шуда имрӯз, бегумон
Фардо яке дигар шавад аз дарди ту навон.
Бадхӯ замона бо ту ба паҳлӯ равад ҳаме,
Ҳурмат наёфт хусраву аз ӯ на паҳлавон.
Ҳурмат мадор чашм зи бадхӯ ҷаҳон, аз он-к
Беҳурматист одати нохуби бадхувон.
Бозист умри мо ба ҷаҳон-андар, эй писар,
Бар марги ман макан зи ғаму дард бозувон.
Бифрефт мар-маро ба ҷавонӣ ҷаҳони пир,
Пирон раво кунанд, бале, макр бар ҷавон.
Бисёр мардумон, ки ҷаҳон кард бенаво
Аз бонаво шаҳону накӯҳол бонувон.
Умри маро бихӯрд шабу рӯзу моҳу сол
Пинҳону нарм-нарм чу мушону росувон.
Эй нотавон шуда ба тану баргузида зӯҳд,
Зоҳид шудӣ кунун, ки шудӣ сусту нотавон?
Аз дунба чун бимонад навмеду бенасиб
Хурсанд кай шавад саги бечора б-устухон?
То некувон ҳавои ту ҷустанд бо нишот,
Ҷастӣ ҳаме ту бар тани эшон чу оҳувон.