Худоё, арзу тӯли оламатро
Худоё, арзу тӯли оламатро
Тавонӣ дар дили мӯре кашидан.
На вусъат дар даруни мӯр орӣ,
На аз олам сари мӯе буридан.
Ту дар иҷрои тоат ваъда додӣ
Биҳишт аз музди тоат офаридан.
Вале он музди тоат бо шафоат
Чӣ миннат аз ту мебояд кашидан?
В-агар на музди тоат нест ҳиммат,
Ба муздаш ҳар касе бояд расидан.
Касе, к-ӯ боядӣ, ёбад мукофот,
Наёбад фарқ бар мову ту дидан.
Агар неканд? агар бад, хилқат аз туст,
Халиқе хуб боист офаридан.
Ба мо тақсири хидмат нест лозим,
Бадему бад набоист оваридан.
Агар бар неку бад қудрат бидодӣ,
Чаро бар неку бад бояд расидан?
Сириштам з-оҳану ҷавҳар надорам,
Надонам хеш ҷавҳар офаридан.
Агар сад бор дар кӯра гузорӣ,
Ҳамонам боз вақти боздидан.
Ба кас чизе, ки наспурдӣ, чӣ хоҳӣ?
Ҳисоб андар талаб бояд кашидан.
Гарам бахшӣ, гарам сӯзӣ, ту донӣ,
Наёрам пеши кас гардан кашидан.
Ҳамин дасте ба домони ту дорам,
Мурувват нест доман пас кашидан.
Замоне низ аз ман мустамеъ шав,
Зи нуқли дигарам бояд чашидан.
Шабе дар фикри хотир хуфта будам,
Тулӯъи субҳи содиқ дар дамидан.
Садое омад аз боло ба гӯшам,
Ниҳодам гӯш дар роҳи шунидан.
Расид аз олами ғайбам суруше,
Ки «фориғ бош аз гуфту шунидан».
Умуми кӯҳи байни Шарқу Мағриб
Тавонӣ дар садаф ҷамъ оваридан.