Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Макру ҳасадро зи дил овор кун

Макру ҳасадро зи дил овор кун В-ин тани хуфта-тро бедор кун. Нафси ҷафопеша-т море бад аст, Қасд суи куштани ин мор кун. Б-оташи хурсандӣ яшкаш бисӯз, Бар дари парҳезаш бар дор кун. Саркашу тозанда сутуре будаст, Зери адабҳош гаронбор кун. Пой бибандаш ба расанҳои панд, Ҳикматро бар сараш афсор кун. Пеша мудоро кун бо ҳар касе, Бар қадри дониши ӯ кор кун. В-арчи гаронсангӣ, бо бехирад Хештани хеш сабукбор кун. Чун ба дари хонаи зангӣ шавӣ, Рӯи чу гулнорат чун қор кун. В-ар ба дари турк шавӣ, з-он сипас Бар дари ӯ қор чу гулнор кун. Гар-т на нек омад аз он кори пор, Бас кун аз он кор, на чун пор кун. В-ар-т ба ҳарб афтад бо ёр кор, Ҳарб ба андозаву миқдор кун. Некхуиро ба раҳи умр-дар Зери хирад маркаби раҳвор кун. В-он гаҳ беранҷ агар боядат, Даст бар ин гунбади даввор кун. Хуб ҳисоре бикаш аз гирди хеш, Хӯи накӯро дару девор кун. В-аз хираду ҷуду сахо лашкаре Бар сари девор нигаҳдор кун. В-он гаҳ бар лашкару бар ҳисни хеш Бирру латафро сару солор кун. Шохи вафоро ба накӯ феъли хеш Барвари бехори камозор кун. Себи худатро зи ҳунар бӯй деҳ, Хона-т аз ӯ кулбаи аттор кун. Сирату кирдор, гар озодаӣ, Бар сунану сирати аҳрор кун.