Аё гашта ғарра ба макри замона,
Аё гашта ғарра ба макри замона,
Зи макраш ба дил гаштӣ огоҳ ё на?
Ягонай замона шудӣ ту, валекин
Нашуд ҳеч касро замона ягона.
Замона басе панд додат, валекин
Ту ме дарнаёбӣ забони замона.
Набинӣ ҳаме хештанро нишаста
Ғарибу сипанҷӣ ба хонай касона.
Бигуфтанд, к-ин хона буд мар-фалонро,
Ба мерос монд аз фалону фалона.
Туро, гар ҳаме панд хоҳӣ гирифтан,
Забони фалону фалона-ст хона.
Чу хона бимонду бирафтанд эшон,
Нахоҳӣ ту мондан ҳаме ҷовидона.
Нахоҳад ҳаме монд бо боди марге
Бад-ин хирман-андар на коҳу на дона.
Падар-ту бародар-ту фарзанду модар
Шудастанд ночизу гашта фасона.
Ту панҷоҳ сол аз паси марги эшон
Фасона шунудиву хӯрдӣ расона.
Дар ин раҳгузар чанд хоҳӣ нишастан,
Чаро барнахезӣ, чӣ мондат баҳона?
Давидӣ басе аз паси орзуҳо
Ба рӯзи ҷавонӣ чу гови ҷавона.
Кашондоман-андар деҳу кӯю барзан,
Занон даст бар шаърҳову замона.
Чӣ лофӣ, ки ман як чамона бихӯрдам,
Чӣ фазл аст, пас, мар-туро бар чамона?
Ба шаҳри ту гарчи гарон аст оҳан,
Нашоӣ ту бе банду бе зовлона.
Кунун порсоӣ ҳаме кард хоҳӣ,
Чу мондӣ ба сони харе пиру лона.
Чӣ гуна шавад порсо марди ҷоҳил,
Ҳаме хира гурба кунӣ ту ба шона?
Чу дониш надорӣ ту дар порсоӣ,
Ба сони лагоме бувӣ бе даҳона.
Бас аст ин, ки гуфтам-т, к-афзун нахоҳад,
Чу тозӣ бувад асп, як тозиёна.