Гург омадаст гурсунаву дашт пурбара,
Гург омадаст гурсунаву дашт пурбара,
Афтода дар рама, рама рафта ба шабчара.
Гург аз рама хурону рама дар гиё чарон,
Ҳар як ба ҳирси хеш ҳаме пур кунад дара.
Гурги гиё бара-сту бара гургро гиёст,
Ин нукта ёд гир, ки нағз асту нодира.
Бингар дар ин мисол, тани хешро бибин,
Гургу бара мабошу битарс аз мухотара.
Аз баҳри он ки то бара гирӣ, магар туро
Эй бетамиз, мар-дигареро машав бара.
Гар на бара, на гург наӣ, бар дари амир
Чунӣ, ҷавоби рост бидеҳ бемунозара?
Гар ту ба остӣ назанӣ майсарай амир
Тарсам, ки пур зи гард бимонад-ш майсара.
Тарсӣ ҳаме, ки гар ту набошӣ зи лашкараш,
Бе ту на қалбу маймана монад, на майсара?
Фахре макун бад-он, ки ту майда бара хурӣ,
Ёрат ба об дарзада як нони фахфара.
Зеро ки ҳам турову ҳам ӯро ҳаме басе
Бешому чошт бояд хуфтан ба мақбара.
Чун нашнавӣ ҳамеву набинӣ ҳаме ба дил,
Гӯшат ба мутриб асту ду чашмат ба масхара.
В-аз орзуи он, ки бибинӣ шигифтие,
Бар манзаре нишаставу чашмат ба панҷара.
Чизе ҳаме аҷабтар аз ин дар чӣ боядат,
Баста ба банди сахт дар ин нилгун кура?
Ин ҷони поки ту зи чӣ рӯ мондааст асир,
Пинҳон дар ин харобаву дашти гаронфара?
Гар ҷойгир нест чу ҷисм ин латиф ҷон
Танро чаро тиҳист миёнаш чу қавсара?
Дар қавсара ҳаме ба сафар хост рафт ҷон-т,
З-он баргирифт суфраи дархурду матҳара.
Гар ту тамохура кунӣ андар чунин сафар,
Бар хештан кунӣ ту, на бар ман тамохура.
Бар манзара, ба қаср тамошо чӣ боядат?
Инак, тани ту қасру сарат гирд манзара.
Бингар, ки чун ба ҳикмат дарбаст кирдгор
Суфрай турову матҳараро сар ба ҳанҷара.