Дур бош, эй хоҷа, з-ин бемар гала,
Дур бош, эй хоҷа, з-ин бемар гала,
К-ат наёяд чиз ҳосил ҷуз гила.
Ҳар кӣ дар раҳ бо галай хугон равад,
Гарду дарду ранҷ ёбад з-он гала.
Хона холӣ беҳтар аз пур шеру гург,
Дониёл ин кард бар доно яла.
Ҳамчу булбул лаҳну дастонҳо зананд,
Чун лаболаб шуд чамона-в балбала.
В-аз ниҳеби муъзину бонги намоз
Андарун афтад ба таншон зилзила.
Оби тира-ст ин ҷаҳон киштӣ-тро
Бодбон кун донишу тоат хала.
Гар кала зад ҷоҳиле бо бахти бад,
Мар-туро бо ӯ набояд зад кала.
Чун кулаҳ гум кард нодон мар-туро,
Кай тавонад дид ҳаргиз бо кула?
Бо амал мар-илми динро рост дор,
Он аз ин камтар макун як хардала.
Кор бедониш макун чун хар, манеҳ
Дар тарозу борат андар як пала.
Чун ба нодонӣ кунад муздур кор,
Гурсуна хусбад ба шаб дастобила.
Чун нашӯӣ дил ба дониш ҳамчунон-к
Мӯйро шӯӣ ба оби омила?
Илми хӯрду бурди худ густардаанд
Пеши ин анбӯҳу гумраҳ қофила.
Пеши ин говон, ки ҳаргиз-шон набуд
Дил ба коре ҷуз ба кори ҳавсала.
Нон ҳамеҷӯяд касе, к-ӯ мезанад
Даст дар минбар ба бонгу машғала.
Займала бар ту ниҳодаст он хасис,
Чун кашӣ, гар хар нагаштӣ, займала.
Ақл таъвил асту дӯшиза ниҳон
Чун ба барги ҳанзал андар ҳанзала.
Илми ҳақ он аст, аз он сӯ каш инон,
Омаро деҳ ҷумла илми харбала.
Пои покиза бараҳна беҳ басе,
Чун ба пой андар давидан кашкала.