Эй гашта ба молу зӯри тан ғарра,
Эй гашта ба молу зӯри тан ғарра,
Тозанда чу аспи шарзаву курра.
Чун зини замона кӯфт ёлатро,
Камтар кунӣ ин давидани турра.
Парранда ҷаҳон зи туву дар пешат,
Доим зада озу орзу парра.
Чархат зи ситам ҳаме биёзорад,
Ту хуфтаву баргирифта хуш хурра.
Ҳарчанд чанори ту ҳамеболад,
Оҳангари ӯ ҳамезанад арра.
Эй монда ба зери бори нодонӣ,
Бо бор чаро кунӣ чу хар сарра?
Ин бори гарон бикӯбадат бешак,
Ҳам гардану пушту мӯҳраву парра.
Пирӣ-т чу шери нар ҳамеғуррад
Ту гашта ба зӯри кӯдакӣ ғарра.
Пероҳани оз баркаш аз гардан
В-аз гарди муҳол шона зан турра.
То барназанад касе ба байғора
Бар соқат чӯбу бар сарат дурра.
Озу тамаъ, эй писар, зи ту ҳаргиз
Берун нашавад ба оби шаҳтарра.
Озодагиву тамаъ ба ҳам н-ояд,
Ман кардаам озмун ба сад марра.
Ин даҳр яке арӯси пурмакр аст,
Эй қавм, ҳазар кунед аз ин ҳурра.
Ороиши ӯ ба рангу бӯи хуш
Афшондани ҷаъду шустани ғурра.
В-ин говонро ба сӯи ӯ хондан
Ин аст ҳамеша кори Бӯмарра.
Аз халқ бад-ин ҳамегароёнад,
Чандин ба фусӯсу хандаву харра.
Ҷуз дин наситонад аз касе кобин,
Розӣ нашавад ба судраву сурра.
Ин нест маро арӯс, то бошад
Ин ҳурра ба Чину ман ба Сомира.
Оқил надиҳад дар инчунин кобин,
Розӣ нашавад ба сурраву сидра.