Бадхӯ ҷаҳон туро надиҳад даста,
Бадхӯ ҷаҳон туро надиҳад даста,
То ту зи дасти ӯ нашавӣ раста.
Бастай ҳаво мабош, агар хоҳӣ,
То дев мар-туро нагирад баста.
Дев аз ту дасти хеш куҷо шӯяд,
То ту дил аз тамаъ накунӣ шуста?
Эй хӯи бад чу бандаи бадрагро
Сад раҳ туро ба зери лагад хаста.
Ҷуз хӯи бад фарох ҷаҳонеро
Бар ту кӣ кард тангтар аз писта?
Бишнав ба гӯши дил сухани доно,
То кай бувӣ ба ҷаҳли кубо маста?
То кай давӣ чу курраи бадгавҳар,
Ҷуллу инон даридаву бигсаста?
То кай бувад хилофи ту бо доно,
Ӯ ҷуста мар-турову ту з-ӯ ҷаста?
Чун чарғро диҳанд ҳавои дил
Якчанд дода буд туро муста.
Он боди сорӣ аз сар берун кун,
Акнун, ки пухта гаштиву оҳиста.
В-он чун чанор қадд чу чанбар шуд,
Пуршух гашт дасти чу пиласта.
Онро, ки ӯ сипар кунад аз тоат
Тири ҳавои дил накунад хаста.
Гард аз дили сиёҳ фурӯ шӯяд
Масҳу намозу рӯзаи пайваста.
Ҳар гаҳ, ки ҷустуҷӯй кунӣ динро,
Дунё ба пешат ояд ноҷуста.
Ҷои хилофҳост ҷаҳон, дар вай
Шоиста ҳасту ҳаст нашояста.
Бигзар зи шарр, агар набувад хайре,
Норуста беҳ бувад чу ба бад раста.
Нашнудӣ он масал, ки занад ома:
«Мурда беҳ аз ба коми адӯ зиста».
Чун аз фасод бозкашӣ дастат,
Он гаҳ диҳад силоҳи туро даста.
Андар раҳанд халқи ҷаҳон яксар,
Ҳамчун раванда хуфтаву биншаста.