Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Басе кардам гаҳу бегаҳ назора,

Басе кардам гаҳу бегаҳ назора, Надидам кори дунёро канора. Наёбад чашми сар, ҳарчанд кӯшӣ Ҳаме з-ин нилгун чодар гузора. Ҳамехонанду меронанд моро, Наёбад кас ҳаме з-ин кор чора. Гар аз ин хона берун рафт бояд, Надорад судашон хоҳиш, на зора. Магар, к-эшон ҳаме берун кашандат, Аз ин ҳамвору бедар сахт бора. На хонанда, на ронанда набинам, Ҳамебинам ситора чун назора. Ҳамоно санги миғнотис гаштаст Зи баҳри ҷони мо ҳар як ситора. Фалак равғангаре гаштаст бар мо, Ба кори хеш дар ҷалду хиёра. Зи мо ин ҷо ҳаме кунҷора монад, Чу равғангар гирифт аз мо усора. Туро ин тан яке хонай сипанҷ аст, Музаввар, ҳам муғарбал чун купора. Бибояд рафтан, охир чанд бошӣ Чу мутворӣ дар ин хонай тавора? Дар ин хона чаҳор астат мухолиф, Кашида ҳар яке бар ту канора. Куҳан гаштиву нав будӣ ту, бешак Куҳан гардад нав, ар санг асту хора. Ба ҷон нав шав, ки чун нав гашт паррат, На бок аст, ар куҳан бошад ғирора. Танат Қорун шудасту ҷон-т муфлис, Яке шоду дигар тиморхора. Бад-ин некӯ тан андар ҷони зиштат Чу римоб аст дар заррин ғазора. Чу пеши оқилон ҷонат пиёдас-т, Надорӣ шарм аз ин рафтан савора. Дили дарвешро гар ҳушёрӣ, Зи дониш тавқ соз, аз ҳуш ёра. Ба кишти бегаҳӣ монӣ, ки дар ту Набинам дона ҷуз коҳу сипора.