Ба фаршу аспу устому хазина,
Ба фаршу аспу устому хазина,
Чӣ афрозӣ чунин, эй хоҷа сина?
Ба хӯи неку дониш фахр бояд,
Бад-ин пур кун ба сина-дар хазина.
Шакар чӣ-нҳӣ ба хон-бар, чун надорӣ
Ба табъ-андар, магар сирка-в тарина.
Чу некӯ гашта бошад хӯт, бар хон-т
Чӣ майда-сту, чӣ кашкина ҷавина.
Агар набвад вагар чизе, набошад
Зи гуфтори накӯ камтар ҳазина.
Чу нанвозию надҳӣ, гашт пайдо,
Ки ҷуз боде надорӣ дар қанина.
Зи хумме донги санге чошнӣ бас,
Агар сирка бувад ё ангубина.
Замона гандапире солхӯрдаст,
Бипарҳез, эй бародар, з-ин лаъина.
Чу ту сесад ҳазорон озмудаст,
Агар на беш, боре бар камина.
Набошад ҷуз қарини ранҷу андӯҳ,
Қарине, к-аш чунин бошад қарина.
Басе ханҷар буридаст ӯ ба дунба,
Шикастаст оҳанина б-обгина.
Ба фардо чӣ умед астат, ки фардо
На мавҷуд аст ҳамчун рӯзи дина.
Нигаҳ кун, то куҷо будиву ин ҷо
Кӣ овардат дар ин бедар мадина?
Чӣ овезӣ дар ин, чун менадонӣ,
Ки дина-ст ин мадина ё кеҳина?
Яке дарёи жарф аст, ин ки ҳаргиз
Нарастаст аз ҳалокаш як сафина.
Зи баҳри ин зани бадхӯи бемеҳр
Чӣ бояд буд бо ёрон ба кина?
Ки аз дасташ нахоҳад раст як тан,
Агар мардина бошад ё занина.
Зи дониш нардбоне созу бар шав,
Бар ин пирӯза чархи пурнигина.
В-аз ин бадхӯ бибур аз пеш он к-ӯ
Ниҳад бар сина-т он нохуш бурина.