Макри ҷаҳонро падид нест карона,
Макри ҷаҳонро падид нест карона,
Доми ҷаҳонро замона бинам дона.
Дона ба дом-андарун махӯр, ки шавӣ хор,
Чун сипарӣ гашт дона, чун хари лона.
Тоат пеш ору илм ҷӯй, азеро-к
Тоату илм аст банду фанди замона.
Бо ту равон аст рӯзгор, ҳазар кун,
То нафиребад дар ин раҳат ба равона.
Сабза ҷавонист мар-туро, чӣ шитобӣ,
Аз паси ин сабза ҳамчу гови ҷавона?
Нек нигаҳ кун, ки дар ҳисори ҷавонӣ-т
Гурги даранда-ст дар гулӯту масона.
Дастрасат нест ҷуз ба хобу хур, эро-к
Шаҳри ҷавонӣ пур аз зар асту расона.
Пирӣ, агар ту дарун шавӣ зи дари шаҳр,
Сахт кунад бар ту дар ба тунбаву фона.
Олам Даҷҷоли тусту ту ба дурӯғаш
Бастаиву мондаиву кашда ягона.
Қиссаи Даҷҷоли пурфиреб шунудӣ,
Гӯш чӣ дорӣ чу ома сӯи фасона?
Гар ба суханҳош халқ фитна шавад пок,
Пас, сухани ӯст бонги чангу чағона.
Гӯши ту зӣ бонги ӯсту хондани ӯро
Бар сари кӯй истодаӣ ба баҳона.
Бас ба гаронӣ равӣ гаҳе суи масҷид,
Сӯи харобот ҳамчу тир нишона.
Дев бихандад ба ту, чу ту бинишинӣ
Рӯй ба меҳробу дил ба сӯи чамона.
Аз паси девӣ давон чу кӯдак, лекин
Рӯду май астат зулибиёву лакона.
Мӯъминеву майхуре ба ҷуз ту надидам
Дар ҷасади мӯъминона ҷони муғона.
Қавлу амал чист, ҷуз тарозуи динӣ?
Қавлу амал варзу рост дор забона.
Роҳ намояд-т суи равзаи ризвон,
Гар биравӣ бар раҳе дар ин ду миёна.
Доми ҷаҳон аст бар туву хабарат нест,
Гоҳе мастию гаҳ хумори шабона.