Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Чу расми ҷаҳони ҷаҳон пеш бинӣ,

Чу расми ҷаҳони ҷаҳон пеш бинӣ, Ҳазар кун зи бадҳо-ш, агар пешбинӣ. Ба торикӣ-андар газоф аз паси ӯ Мадав, ки-т барояд ба девор бинӣ. Ҳамоно чунин монда, з-ин паст аз онӣ, Ки дар андуҳи аспи раҳвору зинӣ. Чу астар сазовори полону қайдӣ, Агар аз паи астару зин ҳазинӣ. Ҷаҳон модаре гандапир аст, бар вай Машав фитна, гар дархури ҳури инӣ. Ба модар макун даст, азеро ки бар ту Ҳаром аст модар, агар з-аҳли динӣ. Яке гавҳари осмонист мардум, Ки Эзид ба банде бибасташ заминӣ. Ба шахси гилин чунки мӯҷиб шудастӣ, Дар ин гил бияндеш, то чун аҷинӣ. На дархурди дурр аст гил, пас, ту з-ин тан Бипарҳез, азеро ки дурри саминӣ. Ватан мар-туро дар ҷаҳони барин аст, Ту ҳарчанд имрӯз дар тира тинӣ. Ҷаҳони меҳинро ба ҷон зебу фаррӣ, Агарчи бад-ин тан ҷаҳони кеҳинӣ. Ҷаҳони барину фурудин туӣ худ, Ба тан з-ин фурудин, ба ҷон з-он баринӣ. Сазои ҳама неъмати ину онӣ, Зи ҳикмат азеро ҳам онӣ, ҳам инӣ. Ба ҷон хонаи ҳикмату илму фазлӣ, Ба тан ғояти сунъи ҷонофаринӣ. Агар мешиносӣ ҷаҳонофаринро, Сазовори ҳар неъмату офаринӣ. В-агар бадсиголию нашносӣ ӯро, Мукофоти бад ҷуз бадӣ худ набинӣ. Ҷаҳоно, ман аз ту ҳаросон аз онам, Ки бас баднишониву бад ҳамнишинӣ. Хасисӣ, ки ҷуз бо хасисон насозӣ, Қаринат наям ман, ки ту бад қаринӣ. Бар озодагон кибр дорӣ, валекин Янолу Тагинро Янолу Тагинӣ.