Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Гар нахоҳӣ, эй писар, то хештан маҷнун кунӣ,

Гар нахоҳӣ, эй писар, то хештан маҷнун кунӣ, Пушт пеши ину он пас чун ҳаме чун «нун» кунӣ? Дил-т хонай орзу гаштасту заҳр аст орзу, Заҳри қотилро чаро бо дил ҳаме маъҷун кунӣ? Хам зи «нун»-и пушти ту ҳам дар замон берун шавад, Гар ту хумми орзуро аз шикам берун кунӣ. З-орзуи он, ки рӯзе зан-т кадбону шавад, Чун тани озоди худро бандаи хотун кунӣ? Даҳ тан аз ту зардрӯю бенаво хусбад ҳаме, То ба гулгун май ҳаме ту рӯи худ гулгун кунӣ. Гар ту худ маҷнунӣ аз ин бедонишӣ, пас, хештан Чун ба май хӯрдан дигарбора ҳаме маҷнун кунӣ? Зар ҳамехоҳӣ, ки пошӣ, май хурӣ бо ҳуриён, Сар зи раъноӣ гаҳе эдуну гоҳ эдун кунӣ. Гар на девона шудастӣ, чун сари ҳушёри хеш Аз бухори ганди май табле пур аз ҳапюн кунӣ. Хуш бихандӣ бар суруди мутрибу овози рӯд В-ар тавонӣ доманаш пурлӯълӯи макнун кунӣ. В-ар ба дарвеше закотат дод бояд як дирам, Табъро аз нохушӣ чун мору мозарюн кунӣ. Гоҳ бе шодӣ бихандӣ хира чун девонагон, Гоҳ бе андуҳ ба хира хештан маҳзун кунӣ. Он кунӣ аз беҳушӣ, к-аз шарми он, гар баррасӣ, Вақти ҳушёрӣ аз андуҳ рӯй чун тоъун кунӣ. Дарди нодонӣ биранҷонад туро, тарсам ҳаме, Дарди нодонӣ-тро чун на ба илм афсун кунӣ? Хонае кардастӣ андар дил зи ҷаҳлу ҳар замон Он ҳамехоҳӣ, ки дар вай нақши гуногун кунӣ. Хонаи ҳуши ту сар бар гунбади гардун кашад, Гар ту хонай беҳуширо бар замин ҳомун кунӣ. Дил хазинай туст, шояд, к-андар ӯ аз баҳри дин Бому бум аз илм созӣ в-аз хирад парҳун кунӣ. Мушу мор андар хазинай хеш мафкан хир-хир, Гар надорӣ дурру гавҳар, к-андар ӯ махзун кунӣ. Даст бар парҳез дору хуб гӯю илм ҷӯй, То ба андак рӯзгоре хештан Қорун кунӣ. Гирди доно гарду гардан қавли ӯро нарм дор, Гар ҳамехоҳӣ, ки ҷои хеш бар гардун кунӣ.