Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй он ки надими бодаву ҷомӣ,

Эй он ки надими бодаву ҷомӣ, То умр, магар бар ин ба фарҷомӣ? Чун дашт ҳарири сабз дарпӯшад В-ояд ба нишоти ҳиссӣ аз номӣ. Гаҳ рафта ба дашт бо тамошоӣ, Гаҳ хуфта ба зери шохи бодомӣ. Бигзашт тамуз сӣ-чиҳил бар ту, Аз баҳри чӣ мондаӣ бад-ин хомӣ? Хуш аст туро саҳаргаҳон рафтан, Аз ҷома ба ҷом, агар наянҷомӣ. Лекин фалакат ҳаме бифарҷомад, Фарҷом нигар, чӣ фитна бар ҷомӣ? Доим ба шикор-дар ҳаметозӣ В-огоҳ наӣ, ки монда дар домӣ. Ҷуз хок зи даҳр нест баҳри ту Ҳарчанд, ки бар фалак чу Баҳромӣ. Фардо ба асо ҳаме-т бояд рафт, Имрӯз чунин чу кабк чӣ х-ромӣ? Қадди алифӣ-т лом шуд, бингар, Мангар ту чунин ба зулфаки ломӣ. Аз ҳирс ба вақти чошт чун каргас Дар Чочу ба вақти шом дар Шомӣ. Чун дод бихоҳам аз ту, бас тундӣ, Лекин чу ситам кунӣ, хушу ромӣ! Эдун шабу рӯз бар ситам кардан Истода зи баҳри аспу устомӣ. Дар дунё сахт сахтиву дар дин Бас сусту миёнакору ҳангомӣ. Сӯи ту наёмадаст пайғамбар, Ё ту на сазову аҳли пайғомӣ? Ҳар рӯз ба мазҳаби дигар бошӣ, Гаҳ дар чаҳи жарфу гоҳ бар бомӣ. Лекин чу касе-т меҳмонӣ кард, Аз пур хӯрдан ҳаме наёромӣ. Гар носибият барад, Умар бошӣ, В-ар шиъӣ хонадат, Алӣ номӣ. То беадабӣ ҳаметавонӣ кард, Хуни уламо ба дам биёшомӣ.