Эй, он ки ба тан з-орзуи мол чу нолӣ,
Эй, он ки ба тан з-орзуи мол чу нолӣ,
Аз ман чу ситам худ кунӣ, аз баҳри чӣ нолӣ?
Дар орзуи хеш бимолид туро мол,
Чун гӯши дил, эй сӯхтанӣ, сахт намолӣ?
Бадхоҳи ту мол аст, ки молидаи ӯӣ,
Бадхоҳи ту мол аст, ту чун фитнаи молӣ.
Дом аст туро қолу мақол аз қибали мол,
З-он аст, ки ҳамвора ту бо қолу мақолӣ.
Эй зӯҳдфурӯшанда, ту аз қолу мақолӣ,
Бо маркабу бо зайъату бо сандусу қолӣ.
Гар зӯҳд ҳамеҷӯӣ чандин ба дари мир,
Чун медавӣ, эй беҳуда, чун аспи даволӣ?
Ози ту наҳангест, ҳамоно ки напурсад
Аз гурсунагий худ зи ҳаромиву ҳалолӣ.
Дар мазраъаи маъсияту шарр чу Иблис
Тухми базаҳу бори баду барги ваболӣ.
Аз адли Худованд биёбӣ, чу биёӣ
Бо бори базаҳ рӯзи қазо музди ҳамолӣ.
Эй карда туро гардун дунҳиммату бедин,
Зоил шуда дин аз ту ба дунёи заволӣ.
Бингар, ки куҷо меравию беҳуда мангар
Сӯи хадаму бандаву озоду маволӣ.
Бо лашкару моли қавӣ имрӯз, валекин
Фардо наравӣ ҷуз тиҳиву муфлису холӣ.
Кӯҳ аз ғами бебокию туғёни ту нолад,
Беҳуда ту чун дар ғами Тӯғону Янолӣ?
Хурсанд чаро шуд дилат андар буни ин чоҳ
Бо ҷоҳи баланду ҳашаму ҳиммати олӣ?
Эй мири аҷал, чун аҷал ояд-т бимирӣ,
Ҳарчанд ки бо иззу ҷалолию ҷамолӣ.
Зебо ба хирад бояд будан-ту ба ҳикмат,
Зебо ту ба тахтию ба садрию ниҳолӣ.
Бори хираду ҳикмату барги ҳунару фазл
Баргир, ки ту ин ҳамаро тухму ниҳолӣ.
Эй хубниҳол, ар зи хирад бор нагирӣ,
Бо беду сапедор ҳамонанду ҳамолӣ.
Эй сифла, туро ҷоми булӯрин ба чӣ кор аст,
Гар ту ба тани хеш фурӯмоя сафолӣ?