Кору кирдори ту, эй гунбади зангорӣ,
Кору кирдори ту, эй гунбади зангорӣ,
На ҳамебинам ҷуз макру ситамгорӣ.
Бистурӣ поку пароганда кунӣ фардо,
Ҳар чӣ имрӯз фароз ориву бингорӣ,
Ту ҳамоно, ки на ҳушёрсарӣ в-ар не
Чунки феъли бадро зишт наянгорӣ.
Гар на мастӣ, пас бе он, ки биёзорем
Мо туро, моро аз баҳри чӣ озорӣ?
Баччаи туст ҳама халқу ту чун гурба,
Рӯзу шаб бо бачаи хеш ба пайкорӣ.
Модаре ҳаргиз ман чун ту надидастам,
Нестамон бо туву на бе ту, магар хорӣ.
Гар набоемат, аз баҳри чӣ зоимон
В-ар бизоимон, чун боз биявборӣ?
Зани бадхӯро монӣ, ки маро бо ту
Созгорӣ на савоб асту на безорӣ.
Гирд мегардӣ бар ҷой чу хунхора,
Гар надонӣ раҳ на-шгифт, ки хунхорӣ.
Нестӣ аҳлу сазовор ситоишро,
На накӯҳишро, зеро ки на мухторӣ.
Бал яке матбахи хуб аст зи баҳри мо
Ин ҷаҳону ту яке матбахсолорӣ,
Ки мар-ин хоки турушро ту чу таббохон
Мебибӯиву маза-в ранг биёчорӣ.
Кирдгоратро ман дар ту ҳамебинам
Ба раҳи чашми дил, эй гунбади зангорӣ.
Ту ба паргори хирад пеш равонам-дар
Бехатартар зи яке нуқтаи паргорӣ.
Мар-маро сӯи хирад бар ту басе фазл аст,
Ба сухан гуфтану тадбиру ба ҳушёрӣ.
Дили ман шамъи Худой аст, чӣ чизӣ ту?
Чу бари шамъи фурӯзанда яке хорӣ.
Шамъи ту роҳи биёбон бураду дарё,
Шамъи ман роҳнамоест суи борӣ.
Мар-туро, лоҷарам, Эзид на ҳамехонад,
Балки мар-моро хондаст ба ҳамворӣ.
Мо худованди туро хонаи гуфторем,
Гар ту ӯро, фалако, хонаи кирдорӣ.