Сифла ҷаҳоно, чу гирдгард биноӣ,
Сифла ҷаҳоно, чу гирдгард биноӣ,
Ҳам ба сар оӣ, агарчи дер бипоӣ.
Гарчи сарои баҳоимӣ, ҳукаморо
Ту на сароӣ, чу бегумон ба сар оӣ.
Шӯҳра сароиву устувор, валекин
Чун ба сар оӣ ҳаме, на шӯҳрасароӣ.
Ҷуди Худой аст иллати туву моро
Сӯи ҳакимон ту аз Худой атоӣ.
Гарчи туро нест илму низ бақо нест,
Сӯи ман алафнҷгоҳи илму бақоӣ.
Он ки бидонад чӣ гунагӣ-т бидонад
Шӯҳрасароё, ки ту зи баҳри чароӣ?
В-он ки наёбад тариқ суи чароӣ-т,
Аз ту чаро ҷӯяд он сутури чароӣ.
Даври фаноиву сӯи олами боқӣ
Маъдану алфанҷгоҳи тӯшаи моӣ.
Ростриҷоиву нағзкор, валекин
Рост бихоҳӣ: пур аз фиребу риҷоӣ.
Сӯҳбати ту нестам ба кор, азеро-к
Сӯҳбати онро, к-ат ӯ шинохт, нашоӣ.
Доно моро ба песагони ту хонад,
Гарчи ту моро ба песа хор нашоӣ.
Дунё, пуро, туро атои Худой аст,
Гар ту харидори мазҳаби ҳукамоӣ.
Чун биравӣ ту, ато-ш бо ту наёяд,
Пас ту чӣ бурдӣ аз ин атои худоӣ?
Гар на ҳамесояд ин атои муборак,
Ту, ки ато ёфтӣ, зи баҳри чӣ соӣ?
Он, ки атову атопазир мар-ӯрост,
Маъдани фазл асту асли бор худоӣ.
Нек нигаҳ кун дар ин атову бияндеш,
То ки ту чун ин ато турост, кироӣ?
Сар чӣ кашӣ дар гилем, хезу нигаҳ кун,
То ки ҳаме худ куҷо равию куҷоӣ?
Даҳр туро ме ба яшки марг бихояд,
Чораи ҷон соз, хира, жож чӣ хоӣ?
Чора надонам туро ҷуз он, ки ба тоат
Хештан аз маргу яшки ӯ бирабоӣ.