Эй гашти замон, зи ман чӣ мехоҳӣ?
Эй гашти замон, зи ман чӣ мехоҳӣ?
Низам мафурӯш зарқу рӯбоҳӣ.
Аз ман, чу шинохтам туро, бигзар,
Он гаҳ бифиреб, ҳар киро хоҳӣ.
Ман бар раҳи ин ҷаҳон ҳамерафтам
Аз макру фиреби ту зи гумроҳӣ.
Нозону данон ба роҳ чун дунон
Бо қомати сарву рӯи дебоҳӣ.
Ҳамроҳ шудӣ ту бо ману яксар
Шодиву нишоту зӯру барноҳӣ.
Аз ман бурдӣ ту дузди бераҳмат,
Дуздон накунанд раҳм бар роҳӣ.
Эй карда наҳанги даҳр қасди ту,
Рӯзе-т фурӯ хурад ба н-огоҳӣ.
З-ин чоҳ ҳаме баромадат бояд,
То чанд бувӣ ту бегунаҳ чоҳӣ?
Чоҳ ин ҷасади гарону торик аст,
Ин афкандат ба гурму гумроҳӣ.
Акнун-т дароз кард мебояд
Тоат, ки гирифт қадд кӯтоҳӣ.
Дуто-т шудаст пушт, якто кун.
Ин пушти дуто ба қавли яктоҳӣ.
Аз ҳирс бикоҳу тоат афзун кун,
З-он пас, ки фузудиву ҳамекоҳӣ.
Ҷон донаи мардум асту тан коҳ аст,
Эй фитнаи тан, ту фитна бар коҳӣ.
Ҷулоҳа гирифт тан туро, тарсам,
Ту ғарра шудӣ бад-ӯ ба ҷулоҳӣ.
Ту моҳияке заифиву баҳр аст
Ин даҳри сутурги бадхуи доҳӣ.
Бе пой машав бурун аз ин дарё,
Инак, ба сухан-т додам огоҳӣ,
Зеро ки чу дур монад аз дарё,
Бас ранҷа шавад ба хушк бар моҳӣ.
Эй шоҳ, насиби хеш берун кун
З-ин ҷоҳи баланду неъмату шоҳӣ.
Бингар ба заиф ҳоли дарвешон,
Бигзор сипоси он, ки бар гоҳӣ.