Эй ғарра шуда ба подшоӣ,
Эй ғарра шуда ба подшоӣ,
Беҳтар бинигар, ки худ куҷоӣ?
Ту сӯи хирад зи бандагонӣ,
Зеро ки ба зери бандҳоӣ.
Он кас, ки ба банд баста бошад,
Ҳаргиз кӣ диҳад-ш подшоӣ?
Гар банда наӣ, чаро на аз тан-т
Ин банду гиреҳ набаркушоӣ?
З-ин банди гарон, ки ин тани туст,
Чун ҳеч наёядат раҳоӣ?
Пас, шод чӣ гунаӣ ту бо банд,
Чун бандаи хешу мубталоӣ?
Гар шоҳ туӣ, бибахшу мастон
Чиз аз шаҳриву рустоӣ,
Зеро ки зи халқ хостан чиз
Шоҳӣ набувад, бувад гадоӣ.
Ё боз шаҳ аст ё ту бозӣ,
Зеро ки чу боз мерабоӣ.
В-онро ки ба молу ҷон кунӣ қасд,
Худ боз наӣ, ки аждаҳоӣ.
Гетӣ, писаро, дудар сароест,
Ту баста дар ин дудар сароӣ.
Берун-т баранд аз дари марг,
Чун аз дари будаш андароӣ.
Пайваста кунӣ ба хок, то з-ӯ
Ме рой наёядат ҷудоӣ.
Гар ройи бақо кунӣ дар ин ҷой
Беҳудадарою сустройӣ.
З-ин чарх, к-аш эч худ бақо нест,
Ту бар тамаъи бақо чароӣ?
Гар ме ба хирад бақо наёбӣ,
Беҳуда чароӣ, эй чароӣ?
Гар ме ба хирад дуруст мондаст
Ин баршуда чархи осиёӣ.
Гар ту ба хирад будӣ, нагаштӣ
Якто қади ту чунин дутоӣ.
Ҳар к-ӯ ба хирад бақо наёбад
З-ин баршуда чархи осиёӣ,