Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Намонад кори дунё ҷуз ба бозӣ,

Намонад кори дунё ҷуз ба бозӣ, Бақое несташ ҳар чун тарозӣ. Ту кабки кӯҳу рӯзу шаб уқобон, Ту аҳли Руму гашти даҳр ғозӣ. Сару сомони ин майдон наёбад На ғозию на ҷомию на розӣ. В-аз ин хаймай муаллақ барнапаррад, Агар бозе ту аз андеша созӣ. Бар ин майдон, дар ин хайма ҳамеша Ҳаметозӣ ниҳониро ба ғозӣ. Суи пастӣ наёзад ҷуз тавоно, Суи хорӣ наёзад ҷуз ниёзӣ. Ҷаҳон ҷои хилофу ранҷу шарр аст, Ту, эй доно, бад-ӯ чандин чӣ тозӣ? Ба дидай ваҳму ақл андарнаёяд Чаро ҳаргиз ниёз аз бениёзӣ? Ҳақиқат чист? Умру илми мардум, Мадеҳ ҳаққат бад-ин чизи маҷозӣ. Ба ҷисм андар-т зиддон ҷуфт гаштанд, Тафаккур кун, ки коре нест бозӣ. Раҳе, к-он аз шудан бошад нишебӣ, Чу боз оӣ ҳам-ӯ бошад фарозӣ. Агарчи кабк сайди боз бошад, Бад-ӯ пайдо шудаст аз боз бозӣ. Набинӣ хубро зиштӣ муқобил, Набинӣ иззро хорӣ мувозӣ? Ниҳуфтастанд розе, бас шигифте, Биҷӯй он розро, гар з-аҳли розӣ. Биҷӯй он розро андар тани хеш, Нигар, то беҳуда ҳар сӯ натозӣ. Напардозӣ ба рози эзидӣ ту, Ки зери банди ҷаҳлу бори озӣ. Яке нома-ст бас равшан тани ту, Бад-ин хубиву паҳниву дарозӣ. Туро нома ҳаме бархонд бояд Ту дар нома чу оҳу, чун гурозӣ. Чу ин нома ҳам андар номаи хеш Нишон додат басе он марди тозӣ.