Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Бигзар, эй боди дилафрӯзи хуросонӣ,

Бигзар, эй боди дилафрӯзи хуросонӣ, Бар яке монда ба Юмгондара зиндонӣ. Андар ин тангии бероҳат биншаста Холӣ аз неъмату аз зайъату деҳқонӣ. Бурда ин чархи ҷафопеша ба бедодӣ Аз дилаш роҳат в-аз тан-ш таносонӣ. Дил пурандӯҳтар аз нори пур аз дона, Тан гудозандатар аз ноли зимистонӣ. Дода он сурату он ҳайкали ободон Рӯй зӣ зиштиву ошуфтану вайронӣ. Гашта чун барги хазонӣ зи ғами ғурбат Он рухи равшани чун лолаи нуъмонӣ. Рӯй бартофта з-ӯ хеш чу бегона, Дастгиреш на ҷуз раҳмати яздонӣ. Бе гуноҳе шуда ҳамвора бар ӯ душман Турку тозиву ироқиву хуросонӣ. Баҳнаҷӯёну ҷуз ин ҳеч баҳона на, Ки ту бадмазҳабиву душмани ёронӣ. Чӣ сухан гӯям ман бо сипаҳи девон? На маро дод Худованд сулаймонӣ. Пеш н-оянд ҳаме ҳеч магар, к-аз дур Бонг доранд ҳаме чун саги каҳдонӣ. Аз чунин хасм яке дашт, наяндешам, Ба гаҳи ҳуҷҷат, ё раб, ту ҳамедонӣ. Лекин аз ақл раво нест, ки аз девон Хештанро накунад мард нигаҳбонӣ. Марди ҳушёри сухандон чӣ сухан гӯяд Бо гурӯҳе ҳама чун ғӯли биёбонӣ? Ки бувад ҳуҷҷат беҳуда суи ҷоҳил Пеши гӯсола нашояд, ки Қурон хонӣ. Накунад бо суфаҳо мард сухан зоеъ, Нони ҷавро кӣ диҳад зираи кирмонӣ? Он ҳамегӯяд имрӯз маро баддин, Ки ба ҷуз ном надонад зи мусулмонӣ. Эй ниҳода ба сар андар кулаҳи даъво, Ҷон-т пинҳон шуда дар қуртаи нодонӣ. Ба кӣ бояд гаравидан зи пас аз Аҳмад, Чист назди ту бар ин ҳуҷҷат бурҳоне?