Ҷаҳон бозигарӣ донад, макун бо ин ҷаҳон бозӣ,
Ҷаҳон бозигарӣ донад, макун бо ин ҷаҳон бозӣ,
Ки дармонӣ ба доми ӯ, агарчи тезпар бозӣ.
Баровардам чу кохе хуб, акнун ме фуруд орад,
Бароварда фуруд орӣ, набошад кор ҷуз бозӣ.
Чӣ бошад бозӣ, он бошад, ки н-ояд ҳеч ҳосил з-ӯ,
Ту, пас, пуро, ба рӯзу шаб паси бозӣ ҳаметозӣ?
Ба чанги бози гетӣ дар чу бозат гашт сар песа,
Кунунат боз бояд гашт аз ин бозиву таннозӣ.
Нишебӣ буд барноӣ, сарафрозон ҳамерафтӣ,
Фарози пирӣ омад пешат, акнун сар наяфрозӣ.
Ҷавонӣ чун нишебат буд, аз он тозон ҳамерафтӣ,
Кунун пирӣ фарози туст, аз он хуш-хуш ҳамеёзӣ.
Ҳамелофӣ, ки ман ҳангоми барноӣ чунин кардам
Чӣ чиз астат кунун ҳосил, набуда чиз ҷун нозӣ.
Чаро ҳангоми чизу ноз пас чизе наялфағдӣ?
Ки бигрифтӣ-т вақте даст, бечизиву бенозӣ.
Ҳама аҳволи дунёӣ чунон моҳист дар дарё,
Ба дарё-дар туро мулке набошад моҳӣ, эй ғозӣ.
Ҷаҳон рахтат ҳамебурду ҳаме шаҳмот хоҳӣ шуд,
Агар на мудбирӣ, пас бо ҷаҳон шатранҷ чун бозӣ?
Чу рӯи даҳр зӣ бозӣ тарозидан ҳамебинӣ,
Сазад, гар з-ӯ битобӣ рӯю кори хеш битрозӣ.
Напардозад ба кори ту тану ҷони фиребанда,
Агар мар-илму тоатро ту ҷону тан напардозӣ.
Ҳаме ин чарх беанҷом умратро биянҷомад,
Пас, акнун гар ту кори дин наёғозӣ, кай оғозӣ?
Зинову масхара-в ҷавру муҳолу ғайбату дуздӣ,
Дурӯғу макру ғашшу кибру таррориву ғаммозӣ.
Зи сиратҳои девон аст, андар норат андозад,
Агар з-инҳо бурун н-орӣ сару як сӯ-ш н-андозӣ.
Туро дониш ба таклиф асту нодонӣ табиӣ з-ин
Ҳаме бо ту бисозад ҷаҳл чун бо ҷаҳл дарсозӣ.
Чу дил бо ҷаҳл якке шуд, ҷудоишон зи якдигар
Бад-он бошад, ки дилро б-оташи парҳез бигдозӣ.
Чаро дар ҷустани дониш нагирад озат, эй нодон,
Агар дар ҷустани чизе ки онат нест, бо озӣ.
Ҳаменозӣ ба маҷлисҳо, ки ман тозӣ накӯ донам,
Зи баҳри илми Фурқон аст азиз, эй бехирад, тозӣ!