Эй одамӣ ба сурату бе ҳеч мардумӣ,
Эй одамӣ ба сурату бе ҳеч мардумӣ,
Чунӣ ба феъли дев чу фарзанди одамӣ?
Гар асп нест астару на хар, ту ҳамчун ӯ
На мардумӣ, на дев, яке девмардумӣ.
Кам дид чашми ман чу ту, зеро ки чун каманд
Ҳамвора пур зи печу пур аз тобу пурхамӣ.
Чун хум ҳамехӯриву ҷуз ин нестат ҳунар
Пурхам хумию бадсияру беҳунар хумӣ.
Бе ҳеч хайру фазлу ҳама сар пур аз фузул
Ҳамчун замини шӯраи бекишти пурнамӣ.
Он беҳ, ки хештан бираҳонӣ зи ранҷи хеш,
К-аз ранҷи хеш зуд шавӣ, эй писар, ғамӣ.
Каждум, ки дарду ранҷ диҳад мар-туро зи ту
Рӯзе ҳамон ҳамебихурад бар зи каждумӣ.
Андар дум аст каждуми бадро ҳалоки сар-ш,
Аз феъли бад ту низ сари хешро думӣ.
Аз мардумӣ ба сурати ҷисмӣ макун басанд,
Мардум наӣ бад-он, ки ту хубу муҷассамӣ.
Мардум, ба донише ту, чу доно шавӣ, равост,
Гар ҳиндуӣ ба ҷисм ва ё турку дайламӣ.
Номи накӯ гузин, ки бад-он чун бихонамат,
Дар ҷон-т шодӣ ояду дар дил-т хуррамӣ.
Булфазли Балъамӣ битавонӣ шудан ба фазл,
Гар нестӣ ба нисбат Булфазли Балъамӣ.
Ҳотам миёни мо ба саховат самар шудаст,
Ҳотам тӯӣ, агар ба саховат чу Ҳотамӣ.
Чун худ гузида тира дилу ҷон-т ҷаҳлро,
Аз номи хеш чун хари курра чаро рамӣ?
Фозил кунанд номат, агар ту ба ҷидду ҷаҳд
То фазлро ба даст наёрӣ, наёрамӣ.
Чун гаштаӣ ба сони палоси сияҳ дурушт?
Нобаста ҳеч кас раҳи ту сӯи мубрамӣ.
Бар осмон-т хонд Худованди осмон,
Бар осмон чӣ гуна тавонӣ шуд аз замӣ?
В-акнун, ки хондаӣ туву лаббайк гуфтаӣ,
Дар кори худ чу марди пушаймон чаро шамӣ?
Тадбири бар шудан ба фалак чун намекунӣ,
Чун кору бори хеш нагирӣ ба муҳкамӣ?