Осоишат набинам, эй чархи осиёӣ,
Осоишат набинам, эй чархи осиёӣ,
Худ суда менагардӣ, моро ҳамебисоӣ.
Моро ҳамефиребад гашти дамодами ту,
Ман дар ту чун бипоям, гар ту ҳаме напоӣ?
Бас бе вафову меҳрӣ, к-аз дӯстони якдил
Нури ҷамолу равнақ хуш-хуш ҳамерабоӣ.
Ҳар к-ӯ ҳаме-т ҷӯяд, ту з-ӯ ҳамегурезӣ,
Ин аст расми зиштӣ в-осори бевафоӣ.
Бисёр гашт даврат, то марди бетафаккур
Гӯяд ҳаме, қадимӣ, беҳадду мунтаҳоӣ.
Айём бар ду қисм аст: ояндаву гузашта
В-онро ба вақти ҳозир бошад аз ин ҷудоӣ.
Пас, ту ба вақти ҳозир наздики марди доно
З-он рафта интиҳоӣ в-аз монда ибтидоӣ.
Пас, ту, ки рӯзгорат бо аввал асту охир,
Ҳарчанд дер монӣ, миранда ҳамчу моӣ.
В-онро, ки бе басорат ёфа ҳаме дарояд,
З-ин қавл мебихандад шаҳрию рустоӣ.
Ҳаргиз қадим бошад ҷунбандаи маконӣ
Бар мӯҳдасӣ-т бас бод аз гашти ту гувое.
Пургард боғу бебар шоху халида хоре,
Торик чоҳу нохуш зишту дурушт ҷоӣ.
Ҷуз зоду сохтанро аз баҳри роҳи уқбо,
Ҳушёру пешбинро ҳаргиз ба кор н-оӣ.
Онро, ки дасту рӯят чун дӯстон бибӯсад,
Чун гург рӯю дасташ бишхориву бихоӣ.
Сайёд бемуҳобо ҳаргиз чу ту надидам
Ғаддору гандапире пурмакру боравое.
Ҳар-к аз паси ту ояд аз макр в-аз мароӣ,
Гӯӣ, ки ман туроам, чунон ки ту мароӣ.
Эй дода дил ба дунё, аз пешу пас нигаҳ кун,
Биндеш, то чӣ кардӣ, бингар, ки то куҷоӣ.
Аз бас хатову зиллат, нохубҳо, ки кардӣ,
Дар чангули уқобӣ, дар коми аждаҳоӣ.
Гар ҳуш ёр дорӣ, имрӯз боядат ҷуст,
Эй ҳушёр мардум, з-ин аждаҳо раҳоӣ.
З-ин аждаҳои песа натвонадат раҳондан,
Эй пурхатову зиллат, ҷуз раҳмати Худоӣ.