Девест ҷаҳони пиру ғаддоре,
Девест ҷаҳони пиру ғаддоре,
К-аш нест ба макру ҷодуӣ ёре.
Боғест пур аз гули тарӣ, лекин
Бинҳуфта ба зери ҳар гуле хоре.
Гар нест мурод хастани дастат,
З-ин боғ басанда кун ба дидоре.
Ин булаҷабест, хуш куҷо бошад
Аз бозии ӯ, магар ки наззоре.
Зинҳор, машав фитна бар ӯ, зеро
Ҳурест зи дуру хубгуфторе.
Лекин чу ба доми хеш овардат,
Гургест ба феълу зишт кафторе.
Бишкаст ҳазор бор паймонат,
Огаҳ нашудӣ зи хӯи ӯ боре.
Сад солат агар зи макри ӯ гӯям,
Хонда нашавад хате зи тӯморе.
Рӯзу шаб бехи мо ҳамебуррад,
Ғамре нарм асту гӯли тарроре.
Ҳар рӯз яке либоси нав пӯшад,
Аз баҳри фиреби навхаридоре.
Рӯзе сақате шикори ӯ бошад,
Рӯзе шоҳеву номбардоре.
Фарқе накунад миёни неку бад,
Масте нашиносад ӯ зи ҳушёре.
Морест, к-аз ӯ касе нахоҳад раст
Аз халқи ҷаҳон ба ҷумла дайёре
З-ин пеш ҷуз аз вафои озодон
Коре-ш набуд, на баёворе.
Мар-Туғрали туркмону Ҷағриро
Бо тахт набуду бо меҳӣ коре.
Истода будӣ ба Бомиён шере,
Биншаста ба изз-дар ба шир - шоре.
Бар ҳар тарафе нишаста ҳушёре,
Густарда ба доду адл осоре.
Аз феъли бади хасони ин уммат
Ногоҳ чунин бихост оворе.
Иблиси лаъин бад-ин замин-андар
Зуррияти хеш дид бисёре.