Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Он қуввати ҷавонӣ в-он сурати биҳиштӣ,

Он қуввати ҷавонӣ в-он сурати биҳиштӣ, Эй бехирад тани ман, аз даст чун биҳиштӣ? То суратат накӯ буд, афъоли зишт кардӣ, Пас, феълро накӯ кун, акнун ки зишт гаштӣ. Пуште заиф будат ин рӯзгор чун дӣ, Товусвор будӣ, имрӯз хорпуштӣ. Гар ҷавҳаре-т будӣ, бар рӯй хубсурат, Он некуӣ нагаштӣ ҳаргиз бадал ба зиштӣ. В-акнун ки орият буд, он некуӣ бибурданд, Аз дил бурун кун, эй тан, ин андуҳу дуруштӣ. Баҳрест жарф олам, киштӣ-ш ҳайкали ту, Умрат чу боду гардун чун бодбони киштӣ. Атторвор якчанд аз кибру нозу гашшӣ Сунбул ба анбари тар бар сар ҳамесириштӣ. В-акнун, ки ресмон гашт он сунбулат, ҳамоно Ин зишт ресмонро бар дуки марг риштӣ. Эй ҷаста дӣ зи дастат, фардо ба дасти ту на, Фардо дуруд бояд тухме, ки дӣ-ш киштӣ. Панҷоҳ сол рафтӣ аз гоҳвора то гӯр, Бар нохушӣ буридӣ роҳе бад-ин шибиштӣ. Роҳест ин, ки ҳамбар бошад дар ӯ ба рафтан Дарвеш бо тавонгар бо мазгите куништӣ. Лекин ду роҳ ояд пеш ин равандагонро, К-он ҷо ҷудо бибошад аз дӯзахӣ биҳиштӣ. Дар меъда-т оташ омад, машғул шуд бад-ӯ дил, То дин бад-ин баҳона аз пеш барнавиштӣ. Фитна шудиву бедин бар оташи ғаризӣ, Оташпараст гаштӣ чун марди зардуҳиштӣ. Кӯшиш ба ҳила омад бо хӯрданат баробар, Бе ҳеч судкарде з-ин шаҳр баргузаштӣ. Гӯӣ, ки ман надонам чизеву бегуноҳам, Низат гунаҳ чӣ бояд, чун хештан бикуштӣ? Бо яктана тани худ чун пас ҳаменаёӣ, Андар масофи мардон чӣ марди ҳафту ҳаштӣ. Гар дар биҳишт бошад нодони бетааббуд, Пас, дар биҳишт бошад нахчиру гӯри даштӣ. Чун гӯрвор доим бар хӯрдан истодӣ, Эй зишти девмардум, дархурди тиру хиштӣ.