Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҷаҳоно, маро хира меҳмон чӣ хонӣ,

Ҷаҳоно, маро хира меҳмон чӣ хонӣ, Ки ту мизбонӣ, на бас некхонӣ? Кас аз хони ту сер хӯрда нарафтаст, Аз ин гуфтамат ман, ки бад мизбонӣ. Чу серӣ наёбад ҳаме кас зи хонат, Ҳамон беҳ, ки касро ба хонат нахонӣ. Яке нон диҳӣ халқро ме, валекин Агаршон яке нон диҳӣ, ҷон ситонӣ. Наям ман, туро ёру дархур, ҷаҳоно, Ҳамедонам ин ман, агар ту надонӣ. Азеро ки ман мар-бақоро сазоям, Набошад сазои бақо ёри фонӣ. Маро бас наӣ ту, азеро ҳақирӣ, Агарчи ба чашмам фароху калонӣ. Зи ту сер ногаштани ман туро бас, Ҷаҳоно, бар ин к-ат бигуфтам, нишонӣ. Чу ин панҷ рӯзам ҳаме бас набошӣ, На бас бошиям муддати ҷовидонӣ. Ту ме монд хоҳиву ман ҷаст хоҳам, Ҷаҳон гар туӣ, пас маро чун ҷаҳонӣ? Ҷаҳоно, забони ту ман нек донам, Агарчи ту зӣ омиён безабонӣ. Чу з-ин пеш з-он сон, ки будӣ, намондӣ, Яқинам, к-аз ин пас бад-ин сон намонӣ. Ба мардум шудастӣ ту бо қадру қимат, Ки зарр аст мардум турову ту конӣ. Чӣ конӣ, надонам ҳаме одати ту, Ки аз гавҳари хеш ме хун чаконӣ. Ту, эй пир, монда ба зиндони пирӣ, Зи дарди ҷавонӣ чунин чун навонӣ? Ҷавонӣ-т бояд ҳаме, то дигар раҳ Фурӯмоягиро ба ғоят расонӣ. Зи руду суруду набиду фасодат, Зинову ливотат чу хар комронӣ. Гирифтори ин феълҳои ту, зеро Ба дил муфсидӣ, гар ба тан нотавонӣ. Мухолиф шудастӣ дилу ҷону танро, Танат зоҳид асту дилу ҷон-т зонӣ.