Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Агар на бастаи ин беҳунар ҷаҳон шудаӣ,

Агар на бастаи ин беҳунар ҷаҳон шудаӣ, Чаро, ки ҳамчу ҷаҳон аз ҳунар ҷаҳон шудаӣ? Тани туро ба масал модар аст сифла ҷаҳон, Ту ҳамчу модар бадхӯ чунин аз он шудаӣ. Чаро, ки модари пири ту нотавон нашудаст, Ту пеши модари худ пиру нотавон шудаӣ? Фирефта чӣ шавӣ, эй ҷавон, бад-он ки ба рӯй Чу бӯстону ба қад сарви бӯстон шудаӣ? Чӣ гуна меҳр ниҳам бар ту з-он сипас, ки ба ҷаҳл Ту бар замонаи бадмеҳр меҳрубон шудаӣ? Ба хӯи тан марав, эро ки ту адили хирад Ба сифла тан нашудӣ, бал ба пок ҷон шудаӣ. Нигоҳ кун, ки дар ин хаймаи чаҳорсутун Чу хусравон зи чӣ маънӣ ту комрон шудаӣ? Чӣ ёфтӣ, ки бад-он бар ҷаҳону ҷонварон Чунин мусаллату солору қаҳрамон шудаӣ? Замину неъмати ӯро Худой хони ту кард, Ки сӯи ӯ ту сазои наиму хон шудаӣ. Туфайлиёни ту гаштанд ҷумла ҷонварон, Мар-ин муборак хонро ту меҳмон шудаӣ. Гумон мабар, ки бар ин корвони бастазабон Ту ҷуз ба ақлу сухан мири корвон шудаӣ. Агар ба ақлу сухан гаштаӣ бар ин рама мир, Чаро зи ақлу сухан чун рама рамон шудаӣ? Чаро, ки қавли ту чун хаззу парниён нашудаст, Агар ту дар салаби хаззу парниён шудаӣ? Туро ҳаме сухане хуб гашт бояду хуш, Ту як ҷувол пию гӯшту устухон шудаӣ. Туро ба ҳуҷрагаке танг дар бибаст ҳаким, Ба банд-дар ту чунин аз чӣ шодмон шудаӣ? Яқин бидон, ки чу вайрон кунанд ҳуҷраи ту, Ҳамон замон ту бар ин олӣ осмон шудаӣ. Ниҳон наӣ зи басират ба суи марди хирад, Агарчи аз басари бехирад ниҳон шудаӣ. Зи фазлу раҳмати Яздони додгар чӣ шигифт, Агар ту мири сутурони бекарон шудаӣ! Нигоҳ кун, ки чу дин ёфтӣ, худой шудӣ, Ки чун худои худованди ҳиндувон шудаӣ.