Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Аз он пас, к-ин ҷаҳонро озмудӣ, гар хирадмандӣ,

Аз он пас, к-ин ҷаҳонро озмудӣ, гар хирадмандӣ, Дар ин пургарду нохуш ҷой дил хира чаро бандӣ? Ба беморӣ аз ин ҷои сипанҷӣ чун шавӣ берун, Махӯр тимор чандине, на бунёдаш ту афгандӣ. Яке фарзандхора песа гурба-ст, эй писар, гетӣ, Сазад, гар бо чунин модар зи бору бун напайвандӣ. Чунон чун мар-туро панд аст мурдай ҷадд бар ҷаддат, Ту мар-фарзанди фарзандони фарзандон-тро пандӣ. Ҷаҳон маст аст, нармӣ кун, ки ман эдун шунудастам, Ки бо мастону девона ҳалимӣ беҳтар аз тундӣ. Бихоҳад хӯрд мар-парвардагони хешро гетӣ, Нахоҳад растан аз чанголи ӯ синдиву на ҳиндӣ, Ҷаҳоно, з-озмун санҷобу аз кирдор пӯлодӣ, Ба зери нӯш дар нешӣ, ба рӯи заҳр бар қандӣ. Ба рӯзу шаб ҳамекоҳад тани мискини ман, зеро Ба рандай рӯзу сӯҳони шабам доим ҳамерандӣ. Зи чуну чанд берунӣ, азеро ақл нашносад, На мар-будан-тро чунӣ, на мар-гаштан-тро чандӣ. Нахоҳӣ пешу напсандӣ зи фарзандони бисёрат, Магар онро, к-аз ӯ н-ояд ба ҷуз бадфеълию риндӣ. Басо шоҳони бо мулку сипоҳу ганҷи оганда, Ки-шон бирбудӣ аз гоҳу бад-ин чоҳ андар афкандӣ. Куҷо пайвастаӣ сӯҳбат, ки дигар рӯз нагсастӣ, Дарахте кай нишондастӣ, ки аз бехаш на баркандӣ? Хирадмандо, муроди Эзид аз дунё ба ҳосил кун, Муроди ӯ ту худ донӣ чӣ чиз аст, ар хирадмандӣ. Худованде ҳамебояд-ту хидмат кард натвонӣ, Гараш хидмат кунӣ, бидҳад Худовандат худовандӣ. Муроди эзидӣ дин аст, чун дин ёфтӣ, з-он пас Дигар мар-хештанро дар сипанҷӣ ҷой напсандӣ. Бад-ин мӯҳлат, ки додастат, мабош аз макри ӯ эмин, Битарс аз оташи тезаш, макун дар тоаташ кундӣ. Чу фазли дини Эзидро зи нафси хеш бифгандӣ, Чӣ бошад фазл сӯи ӯ туро бар румиву синдӣ? Ба гӯш-андар ҳамегӯяд-т гетӣ, бор бар хар неҳ, Ту гӯши дил ниҳодастӣ ба дастони наҳовандӣ. Агар донӣ, ки фардо бар ту хешу аҳлу пайвандат Бигиряд зор чандине, бад-ин хушӣ чаро хандӣ?