Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҷавонӣ шуд, ӯро фаромӯш кун,

Ҷавонӣ шуд, ӯро фаромӯш кун, Сари нотавонӣ дар оғӯш кун. Туро чанд гаҳ тан вашипӯш буд, Кунун чанд гаҳ ҷон вашипӯш кун. Агар дебаи ҷон ҳамебоядат, Хирад тору пуди сухан ҳуш кун. Зи нодиданӣ чашмҳо кӯр соз, Зи беҳудаҳо гӯш мадҳуш кун. Ба дил бош бедору хуфта ба чашм, Бишав, хештан зидди харгӯш кун. Зи гуфтори хайру ба дидори Ҳақ Забон аскару чашмҳо шуш кун. Зи чеҳрат бихон, он чӣ Яздон набишт, Набишти шаётин фаромӯш кун. Зи ҳикмат хуриш ҷӯй мар-ҷон-тро, Дилат меъда созу даҳан гӯш кун. Зи дин ҳикмат омӯзу Буқротро Ба андак сухан гунгу хомӯш кун. Халолӯшҷӯёни дин беҳушанд, Ту беҳушро дар халолӯш кун. Агар нӯши ту заҳр кард ин фалак, Ба дониш ту заҳри фалак нӯш кун. В-агар дӯш-т аз ту ба ғафлат биҷаст, Бикӯшу зи имшаб яке дӯш кун.