Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост, Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост. Бар ростии бол назар карду чунин гуфт: Имрӯз ҳама рӯи замин зери пари мост. Гар авҷ бигирам, бипарам аз назари Шед, Мебинам, агар заррае андар таги дарёст. Гар бар сари хошок яке пашша биҷунбад, Ҷунбидани он пашша аён дар назари мост. Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид, Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост: Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост. Бар боли уқоб омада он тири ҷигардӯз В-аз абр мар-ӯро ба рӯи хок фурӯ кост. Бар хок биафтоду биғалтид чу моҳӣ В-он гоҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост. Гуфто: Аҷаб аст ин, ки зи чӯб асту зи оҳан, Ин тезию тундию паридан-ш куҷо хост? Зӣ тир нигаҳ карду пари хеш бар ӯ дид, Гуфто: Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост. Ҳуҷҷат, ту маниро зи сари хеш бадар кун, Бингар ба уқобе, ки манӣ кард, чиҳо хост.