Нашнидаӣ, ки зери чаноре кадубуне
Нашнидаӣ, ки зери чаноре кадубуне
Баррусту бардавид бар ӯ бар ба рӯз бист.
Пурсид аз он чанор, ки ту чандсолаӣ?
Гуфто: Дивист бошаду акнун зиёдатест.
Хандид аз ӯ каду, ки ман аз ту ба бист рӯз
Бартар шудам, бигӯ ту, ки ин коҳилӣ зи чист?
Ӯро чанор гуфт, ки имрӯз, эй каду,
Бо ту маро ҳанӯз на ҳангоми доварист.
Фардо, ки бар ману ту вазад боди Меҳргон,
Он гаҳ шавад падид, ки номарду мард кист!