РӮШНОИНОМА
Ба номи он, ки дорои ҷаҳон аст,
Худованди тану ақлу равон аст.
Хирад з-идроки ӯ ҳайрон бимонда,
Дилу ҷон дар раҳаш беҷон бимонда.
Ба ҳар васфе, ки гӯям, з-он фузун аст,
Зи ҳар шарҳе, ки ман донам, бурун аст.
Басе гуфтанду мегӯянд аз ин ҳол,
Надонам, то киро равшан шуд аҳвол.
Ҳазорон сол агар гӯянду пӯянд,
Дар охир рух ба хуни дида шӯянд.
Чунин гуфтанд, рав, бишнос х(в)адро,
Тариқи куфру дину неку бадро.
К-аз ин раҳ сӯи Яздон аст роҳат,
Туро бас бошад ин маънӣ гувоҳат.
Чу нодонӣ, надонӣ ҳеч аз ин ҳол,
Шавад зоеъ туро рӯзу маҳу сол.
Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,
Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.
Агар бишнохтӣ худро ба таҳқиқ,
Ҳам аз ирфони Ҳақ ёбӣ ту тавфиқ.
Намонад бар ту пинҳон ҳеч ҳоле,
Набинӣ аз ҷаҳон дар дил малоле.
Бувад пайдо бар аҳли илм асрор,
Вале пӯшида гашт аз чашми ағёр.
Биё, бикшой чашми дил дар ин роҳ,
Магар аз хешу аз Ҳақ гардӣ огоҳ.
В-ар имрӯз андар ин олам набинӣ,
Дар он олам ба сад ҳасрат нишинӣ.
На баҳри хобу хӯрдӣ ҳамчу ҳайвон,
Барои ҳикмату илмӣ чу инсон.
Хитоб аз Ҳақ ба ҷуз ту нест бо кас,
Агар дарёбӣ, ин маънӣ туро бас.
Замину осмон баҳри ту орост,
Аз он бархостӣ бо қомати рост.
Қиёмат хост з-ин қомат, ки дорӣ,
Ниҳодат ёр гашту ҳушёрӣ.
Туӣ фарзанди ин олам чу Одам,
Халаф бархез чун Одам зи олам.