ФАСЛУН ФӢ-Н-НАСИҲАТИ
Даме аз Ҳақ машав ғофил дар ин роҳ,
Чу медонӣ, ки ояд марг ногоҳ.
Аз ӯ хоҳ истионат дар ҳама кор,
Ки чун ӯ кас набошад мар-туро ёр.
Таваккул дар ҳама коре бар ӯ кун,
Зи ғайри ӯ бигардон, рӯ дар ӯ кун.
Суботи давлату дин ростӣ дон,
Зи кизб ин ҳар дуро кам-костӣ дон.
Чу аҳде бо касе кардӣ, ба ҷо ор,
Ки имон аст аҳд, аз хеш магзор.
Хирад беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ,
Ки дар зар кас набинад ҳушёрӣ.
Агар сабрат ба дил-дар ёр гардад,
Зафар охир туро дилдор гардад.
Ба ҳар сахтӣ макун фарёд бисёр,
Бинӯш ону мадеҳ дилро ба тимор.
Бародар он бувад, ки рӯзи сахтӣ,
Туро ёрӣ кунад дар тангбахтӣ.
Накӯӣ гар кунӣ, миннат манеҳ з-он,
Ки ботил шуд зи миннат ҷуду эҳсон.
Ба вақти субҳдам мебош бедор,
Магар дар субҳдам бикшоядат кор.
Балои одамӣ бошад забонаш,
Ки дар вай баста шуд суду зиёнаш.
Хамӯшӣ мояи мардони роҳ аст,
Ки дар гуфтан басе шарру гуноҳ аст.
В-агар гӯӣ, накӯ гӯ, эй бародар,
Ки некӯгӯй бо нафъ асту безарр.
Накӯӣ ҷомаи туст, он ҳамепӯш,
Ҳамеша дар накӯномӣ ҳамекӯш.
Тавозӯъ мар-туро дорад гиромӣ,
Зи кибр ояд бадӣ дар некномӣ.
Маваддат чун ба хидмат устувор аст,
Аз ин беҳтар туро дигар чӣ кор аст?
Ба хушрӯию хушхӯӣ дар айём
Ҳамерав, то шавӣ хушдил саранҷом.
Агар бад бо касе дар хотир орӣ,
Макун зуд он-к набвад ҳушёрӣ.