ДАР ТАВҲИДИ БОРӢ, СУБҲОНАҲУ ВА ТАЪОЛО
Ба номи кирдгори фарди довар,
Ки ҳаст аз ваҳму ақлу фикр бартар.
Ҳам ӯ аввал, ҳам ӯ охир зи мабдо,
На аввал будаву не охир ӯро.
Хирад ҳайрон шуда аз кунҳи зоташ,
Муназзаҳ дон зи аҷрому ҷиҳоташ.
Куҷо ӯро ба чашми сар тавон дид,
Ки чашми ҷон тавонад ҷони ҷон дид.
Варои ломаконаш ошён аст,
Чӣ гӯям? Ҳар чӣ гӯям, беш аз он аст.
Сифоту зоти ӯ ҳар ду қадим аст,
Шудан воқиф дар ӯ сирри азим аст.
Ба пои мо чӣ раҳ шояд буридан,
Бад-ин маркаб куҷо шояд расидан?
Ба ҷайби аҷз ақлам сар фурӯ бурд,
Кӣ бошам ман, ки ёрам номи ӯ бурд?
Наёрам номи ӯ бурдан, наёрам,
Ман ин сармоя дар хотир надорам.
Забон аз васфи тавҳидаш забун аст,
Ки аз ҳадду қиёси мо бурун аст.
Нагӯям сонеи ҳафту чаҳор ӯст,
Валекин ақлро парвардгор ӯст.
Чӣ миқдор Офтобу осмонро,
Бад-ӯ мансуб натвон кард онро.
Чаро гӯям зару лаълу ҷавоҳир
Зи хоку обу санг ӯ кард зоҳир?
Набот аз гил, ту гӯӣ, ӯ баровард,
Нашояд инчунин ӯро сифат кард.
Ки рӯҳи номия ин кор дорад,
Гулу шамшоду сарв ӯ менигорад.
Ту ақлу ҷон зи ҳақ дон, симу зар чист?
Макун суратпарастӣ, пову сар чист?
Дигарбора, ту гӯӣ, сурати мо
Ҳама з-оби манӣ кардаст пайдо.
Магӯ з-ин сон азеро, к-ин саноеъ
Шуд аз таъсири аҷрому табоеъ.
Сипеҳру унсуру рӯҳи наморо
Худо хонӣ, чунин куфр аст моро.