Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: Рӯшноинома

Шеърҳои марбут ба теги «Рӯшноинома» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

МУНОҶОТ БА ДАРГОҲИ ҚОЗИЮЛҲОҶОТ

👁 13

Худовандо, маро тавфиқ додӣ, Дари маънӣ ба рӯи ман кушодӣ. Бар ин бехи дилам аз оби раҳмат Фурӯ боридаӣ борони ҳикмат.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР ТАЪРИХИ КИТОБ

👁 11

Ниҳодам ин китоби рӯҳпарвар, Кушодам бар дили аҳли хирад дар. Ба шеъри хуби ширин ҷон физоям, Ба ҳикмат дар сухан мӯъҷиз намоям.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР МУШОҲИДАИ АРВОҲ

👁 8

Равонам нуктаи борик медид, Агарчи дар шаби торик медид, Бидидам оламе ободу хуррам, Дар ӯ ҷамъе зи арвоҳи мукаррам,

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР НИСБАТИ ҲОЛАТ ВА САБАБИ МАҚОЛАТ

👁 6

Замонам дод чандон даври гардун, Ки суфтам ин муборак дурри макнун. Шабе ҳамчун дили ноаҳл тира, Ду чашм аз кори гетӣ гашта хира.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ ШУАРО

👁 10

Хирад бар мадҳи ноаҳлон бихандад, Касе бар гардани хар дур набандад. Чаро чизе биполоӣ ба гадя, Ки н-арзад мулки ду ҷ-ҳон-ш ба ҳадя.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР ДАР СИФАТИ ШЕЪР ВА ТАБЪ

👁 8

Зи дил биггзор, Ҳуҷҷат, шоириро, Ки кардӣ ошкоро соҳириро. Суханҳоят ҳама сеҳри ҳалол аст, Басе покизатар з-оби зулол аст.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР НАКӮҲИШИ ҶАҲОН

👁 10

Ҷаҳоно! Ҷодуӣ ё бӯю рангӣ, Гаҳе румӣ-т бинам, гоҳ зангӣ. Ба рангинлӯъбате дилхоҳ монӣ, Ки ту пайваста бар як сон намонӣ.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР РИЗО ВА ТАСЛИМ

👁 9

Ҳар он-ч аз гардиши ин чархи ворун Расад моро, нашояд буд маҳзун. Чу хоҳад гардиши ӯ бегумон буд, Надорад хӯрдани тимору ғам суд.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР СИФАТИ АФЛОК ВА АНҶУМ

👁 5

Хунук Зовушу хуш Баҳрому Ноҳид, Ки эшон бар фалак ҳастанд ҷовид. Ҳуҷаста Моҳу Меҳру Тиру Кайвон, Ки доим бар фалак ҳастанд гардон.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР НАКӮҲИШИ ҶОҲУ МОЛ

👁 11

Набояд шуд ба молу ҷоҳ мағрур, Чу марг ояд, чи дарбону чи фағфур. Макун такя бар иқболи замона, Ки ӯ бар кас намонад ҷовидона.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР ХОМӮШӢ ВА НИГАҲ ДОШТАНИ СИРР

👁 7

Нигаҳбони сарат гаштаст асрор, Агар сар боядат, сирро нигаҳ дор! Забон барбаста бояд, сир ниҳуфта, Намонад сар, чу шуд асрор гуфта.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ СУФАҲО ВА ҶУҲҲОЛ

👁 10

Зиҳӣ ҷоҳил, ки олим ном дорӣ, Ту ин илм аз барои дом дорӣ. Шунидӣ илм, кардӣ ном солус, Хирад бар илми ту медорад афсӯс.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР НАКӮҲИШИ ТАҚЛИД

👁 6

Чӣ гӯӣ, к-ин ривоят мекунад з-он, Зубайр аз Холиду Холид зи Усмон. Даре бар ту нахоҳад з-ин кушудан, Ба маънӣ хоҳадат з-ин рух намудан.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ ҒАММОЗОН

👁 5

Машав ғаммози кас наздики шоҳон, Битарс охир зи оҳи бегуноҳон. Магӯ бӯҳтон, битарс аз рӯзи маҳшар, Ки фардо бозпурсанд аз ту яксар.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ ДӮСТОНИ РИЁӢ

👁 5

Рафиқе ман дар ин манзил надидам, Ҳақиқат дӯсте якдил надидам. Аз ин муште рафиқони риёӣ, Буридан беҳтар аст аз ошноӣ.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

АНДАР НАСИҲАТ ВА МАВЪИЗАТ

👁 4

Чи хуш зад достон он мӯъбади пир, Суханҳои варо дар гӯши ҷон гир. Ҳар он касро, ки бошад роҳбар бум, Набинад ҷуз, ки вайроний бару бум.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР СИФАТИ АХЛОҚИ ҲАМИДА ВА ЗАМИМА

👁 5

Дар ин зиндон ҳарифе чанд бо туст, К-аз ин ёрон ҷудоӣ боядат ҷуст. Яке бухлу дувум ҳирсу севум оз, Чаҳорум макру панҷум шаҳвату ноз.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР УЗЛАТ ГИРИФТАН

👁 5

Ту узлат ҷӯю дур аз анҷуман бош, Рафиқи хештан, ҳам хештан бош. Зи узлат шоҳи мурғон гашт симурғ, Яке мурғ аст, хонандаш ба сӣ мурғ.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР ШИНОХТАНИ НАФС

👁 9

Бидон худро, ки гар х(в)адро бидонӣ, Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ. Шиносои вуҷуди хештан шав, Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР СИФАТИ АНВОЪИ МАРДУМ

👁 6

Банӣ Одам гурӯҳе бас латифанд, Ҳақиқат ҳам хасису ҳам шарифанд. Тан аз хоканду ҷон аз ҷавҳари пок, Шараф доранд бар хосони афлок.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР СИФАТИ КАМОЛИ ИНСОН

👁 11

Дарахт аст ин ҷаҳону мева моем, Ки хуррам бар дарахти ӯ бароем. Дигар ҳастанд баргу мо ҳама бар, Туфайли мо шуданд инҳо саросар.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР БАЁНИ ҲАВОСИ ЗОҲИР ВА БОТИН

👁 7

Туро ин хони шашсӯ раҳгузар шуд, Аз ин хон хонаи ту панҷдар шуд. Кушода ҳар даре дар бӯстоне, Зи ҳар дар медарояд корвоне.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР БАЁНИ АЪРОЗ ВА ҶАВОҲИР

👁 8

Ҳар он чи ҳаст з-аъло то ба асфал, Ду чиз омад зи охир то ба аввал: Яке аърозу он дигар ҷавоҳир, Чунин гуфтанд устодони моҳир.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР БОЗГАШТАН

👁 5

Дигарбора аз ин вайрона гулхан, Гар ояд сӯи он обод гулшан, Бад-он раҳ, к-омадаст, ӯ боз гардад, Вале бояд, ки некӯсоз гардад,

Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР ШАРАФИ ИНСОН

👁 6

Чу ту худ менадонӣ кистӣ ту, Бигӯ, то дар ҷаҳон бар чистӣ ту? Туӣ ту, худ бигӯ то худ кадом аст? Танӣ ё ҷон, туро охир чӣ ном аст?

Носири Хусрав
Носири Хусрав
Саҳифаи 1 аз 2