ГУФТОР АНДАР ХОМӮШӢ ВА НИГАҲ ДОШТАНИ СИРР
Нигаҳбони сарат гаштаст асрор,
Агар сар боядат, сирро нигаҳ дор!
Забон барбаста бояд, сир ниҳуфта,
Намонад сар, чу шуд асрор гуфта.
Саратро аз забон бими ҳалок аст,
В-аз ӯ дар сар хирад андешанок аст.
Магӯ бо ҷоҳилон асрори Яздон,
Куҷо донанд девон қадри Қуръон?
Бибур аз ҷаҳл, агар дар дил-т роз аст,
Ки дасти ҷаҳл бас муҳкам дароз аст.
Нагӯяд роз ҳар к-ӯ ҳаст бихрад,
Магар пеши ҳакиму марди мӯбад.
Ба қадри ақли ҳар кас гӯй бо вай,
Мадеҳ, гар оқилӣ, девонаро май!
Авомуннос яксар ҳамчу деванд,
Ки доим дар хурӯшу дар ғиреванд.
Магӯ асрор бо ҷуҳҳоли мағрур,
Ки бошад дор ҷоят ҳамчу Мансур.
Чу ёбӣ маҳраме, бо ӯ бигӯ фош,
Валекин роз пинҳон кун зи авбош.
Суханҳои маро донанда хонод,
Зи чашми бехирад пӯшида монод.
Чу бикр аст ин сухан, мастур беҳтар,
Зи номаҳрам ҷамолаш дур беҳтар.
Ба чашми нокасон рӯяш назебад,
Ба ҷуз аҳли хирад шӯяш назебад.
Хари коҳил наярзад зини заррин,
Кале в-он гоҳ тоҷи гавҳарогин.
Ба Кайхусрав сазад тоҷи Фаридун,
Назебад тоҷи шоҳӣ бар сари дун.
Нагӯяд бохирад бо бехирад роз,
Ба гунҷишкон нашояд тӯъмаи боз.
Каломатро зи ноаҳлон бипарҳез,
Ки то бошад ба ноаҳлон маёмез.