Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР НАКӮҲИШИ ҶОҲУ МОЛ

Набояд шуд ба молу ҷоҳ мағрур, Чу марг ояд, чи дарбону чи фағфур. Макун такя бар иқболи замона, Ки ӯ бар кас намонад ҷовидона. Аз ин маъшуқи ҳарҷоӣ чӣ ояд, Ки ҳаргиз бо касе доим напояд? Агар ҷонат забуни молу ҷоҳ аст, Туро ин мол мору ҷоҳ чоҳ аст. Манеҳ дил ин арӯси бевафоро, Чунин шавҳаркуши дуни дағоро. Машав ғарра ба ин мулки дурӯза, Ба хони нокасон макшой рӯза. Басо касро умеди зинда монад, Ниҳоли меҳри ӯ дар дил нишонад. Магар дар сар надорӣ, эй писар, ҳуш, Чӣ ҷӯӣ меҳрубонӣ аз падаркуш?! Наёяд тахту тоҷу зарру дайҳим, Намонад гавҳару лаълу зару сим, Ки ногаҳ бигзарию даргузорӣ, Саросар душмани худро супорӣ. Зи молу мулки худ бардор коме, Чу некӯсуратон бигзор номе. Агар дорӣ, бихӯр в-арна махӯр ғам, Ки бисёр аст бархурдорӣ аз кам. Насиби хеш бардор аз ду гетӣ, Ба дил магзор ҳеч аз ҳар ду гетӣ. Макун бо ҷаҳл аз ин сон тирароӣ, Ки инат даст надҳад, з-он бароӣ. Намонад он чӣ аз мурда бимонад, Бимонад, ҳар кӣ ӯро барфишонад. Бихӯр в-аз н-омада ҳаргиз маяндеш, Ки то фардо чӣ ояд мар-туро пеш.