ГУФТОР АНДАР СИФАТИ АФЛОК ВА АНҶУМ
Хунук Зовушу хуш Баҳрому Ноҳид,
Ки эшон бар фалак ҳастанд ҷовид.
Ҳуҷаста Моҳу Меҳру Тиру Кайвон,
Ки доим бар фалак ҳастанд гардон.
Ҳамеша зиндаанду фориғ аз марг,
Бад-ин айвони мино сохта барг.
Зиҳӣ, бадбахту саргардон, ки моем,
Ба маргу зиндагӣ андар балоем.
Барои кешу оину сару риш
Ҳамасола кашем ин ранҷу ташвиш.
Балои маргу андӯҳи қиёмат,
Чу чанбар кард моро сарви қомат.
Куҷо рафтанд он ёрони дамсоз,
Ба мо н-омад аз он ёрон хабар боз.
Наёмад боз худ з-он рафтагон кас,
Нашуд бедор худ з-он хуфтагон кас.
Париданду қафас бар ҳам шикастанд,
Зи бими маргу дасти ғусса растанд.
Ҳар он хиште, ки айвони сароест,
Бидон, к-он аз тани кишваркушоест.
Чу воми хокро доданд бо хок,
Ба сӯи пок рафтанд он гаҳе пок.