ДАР РИЗО ВА ТАСЛИМ
Ҳар он-ч аз гардиши ин чархи ворун
Расад моро, нашояд буд маҳзун.
Чу хоҳад гардиши ӯ бегумон буд,
Надорад хӯрдани тимору ғам суд.
Валекин шодиву ҷам ҳар ду рӯзист,
Паи андӯҳ умеди дилфурӯзист.
Чу ин омад насиби мо, чӣ чора,
Чи бояд кард бо сайри ситора?
Фалак гар худ каму ё беш гардад,
Ҳамеша бар муроди хеш гардад.
Ба коми мо набошад ҳеч коре,
Ки моро нест ҳаргиз ихтиёре.
Ҳамон беҳтар, ки доим шод бошем,
Зи ҳар дарду ғаме озод бошем.