ДАР НАКӮҲИШИ ҶАҲОН
Ҷаҳоно! Ҷодуӣ ё бӯю рангӣ,
Гаҳе румӣ-т бинам, гоҳ зангӣ.
Ба рангинлӯъбате дилхоҳ монӣ,
Ки ту пайваста бар як сон намонӣ.
Бароӣ ҳар замон аз ранги дигар,
Барорӣ ҳар нафас оҳанги дигар.
Чу маъшуқи зарифи дилрабоӣ,
Ки мушкинҷомаву зарринқабоӣ.
Нагӯям чистӣ, инсофу алҳақ,
Ба тавсанкуррае монӣ ту аблақ,
Ки зери пой кардӣ умри моро,
Чӣ шояд кард бо ту, ҷуз мудоро?
Яке товуси рангоранг дорӣ,
Надорӣ ҷуз ки умри мо шикоре.
Шикорат Кайқубоду Кайпашин аст,
Басо кас, к-аз ту бо тоҷу нигин аст.
Ту додӣ мулки Кайхусрав ба Хусрав,
Куҳан кардӣ бузургонрову худ нав.
Наёсоӣ, на кас осуда аз ту,
Нафарсоиву мо фарсуда аз ту.
Нашояд буд ҳаргиз аз ту эмин,
Нагардӣ аз ҷафо кардан ту сокин.
Агар аз хеш хушнудӣ, ту эй дӯст,
Яқин медон, ки ин хушнудии ӯст.