Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР ДАР СИФАТИ ШЕЪР ВА ТАБЪ

Зи дил биггзор, Ҳуҷҷат, шоириро, Ки кардӣ ошкоро соҳириро. Суханҳоят ҳама сеҳри ҳалол аст, Басе покизатар з-оби зулол аст. Вале ӯро макун чун Бадр дар абр, Ки зери абр надҳад равшанӣ Бадр. Мабар бар даргаҳи шоҳу вазираш, Зи ислоҳи ҳакимон кун мунираш. Набинад дида з-ин сон шеъри дилбанд, Ки бошад зевари ӯ ҳикмату панд. Баҳояш ҳаст мулки ҷовидонӣ, Ту мафрӯшаш ба зарру сими конӣ.