ДАР МАЗАММАТИ ШУАРО
Хирад бар мадҳи ноаҳлон бихандад,
Касе бар гардани хар дур набандад.
Чаро чизе биполоӣ ба гадя,
Ки н-арзад мулки ду ҷ-ҳон-ш ба ҳадя.
Туро аз хештан худ шарм н-ояд,
Ки ҳар ҷое дурӯғат гуфт бояд.
Ба по истодану бархондани ӯ
Фурӯ резад саросар обат аз рӯ.
Марав, то бошадат ин об дар ҷӯ,
Чу рафтӣ дар паяш, беоб шуд рӯ!
Тақозо карданаш душвор кор аст,
Хирадро бегумон з-ин кор ор аст.
Ба мадҳи ҳеч кас макшой лабро,
Маранҷон хотири маъниталабро.
На ҳамчун шоирони ёвагӯям,
Ки даст аз обрӯи хеш ҷӯям.
Зи маънӣ ҷони эшонро хабар нест,
Суханшон ҷуз барои симу зар нест.
Чӣ мехоҳанд аз ин беҳуда гуфтан,
Чӣ меҷӯянд аз ин хармӯҳра суфтан?
Амирони каломанд аҳли ашъор,
Худошон тавбае бидҳад аз ин кор!