ГУФТОР АНДАР НИСБАТИ ҲОЛАТ ВА САБАБИ МАҚОЛАТ
Замонам дод чандон даври гардун,
Ки суфтам ин муборак дурри макнун.
Шабе ҳамчун дили ноаҳл тира,
Ду чашм аз кори гетӣ гашта хира.
Шуда аз парда Меҳри оламафрӯз,
Кушода шаб камин бар олами рӯз.
Ҳама дар хобу ман бедор монда,
Хирад дар кору чашм аз кор монда.
Ҳамекардам назар дар зулмату нур,
Зи ҷоми фикр ҷонам гашт махмур.
Гаҳе будам ба Машриқ, гаҳ ба Мағриб,
Гаҳе бартар зи аҷрому кавокиб.