Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР МУШОҲИДАИ АРВОҲ

Равонам нуктаи борик медид, Агарчи дар шаби торик медид, Бидидам оламе ободу хуррам, Дар ӯ ҷамъе зи арвоҳи мукаррам, Ҳама карда ба тарки хонаи гил, Ниҳода рӯи ҷон дар олами дил. Зи худ занҷири чор аркон гусаста, Шикаста банду аз зиндон биҷаста. Чунин гуфтам бад-он арвоҳи боҳуш, Ки эй покони борафканда аз дӯш, Ки ҳастед инчунин ҷовид зинда, Ҳаме бори фано аз худ фиганда. Гиле бигзошта, нуре гузида, Шабе бигзошта, субҳе дамида. Чаро моро хабар надҳед аз ин ҳол, Зи худ бо мо нагӯед эч аҳвол? Напурсидам ман аз аҳволи инсон, Бигуфтам ин гузида роҳи Яздон. Забони ҳол яксар баркушоданд, Ҷавоби мо якояк боздоданд, Ки мо дар олами боқӣ расидем, Ҳама пайванд аз он фонӣ буридем. Бидонистем, к-он чизе наярзид, Ба дил меҳраш намебоист варзид. Ба ҳар коме, ки мо он ҷо бирондем, Фаровон сол дар зулмат бимондем. Ҳамегӯем, лекин нашнавӣ ту, Чу андар хоби ғафлат биғнавӣ ту. Аз он ҳолат чу боз омад равонам, Бишуд айнуляқин бешак гумонам. Хирад дар хотирам ин рахт бинҳод, Зи маънӣ дар дилам сад чашма бикшод. Яке бар хештан андеша кардам, Дар он андеша маънӣ пеша кардам, Ки ин маънӣ бар эшон чун гузорам, Пас аз ман то бувад ин ёдгорам? Ҳар он кас, к-ӯ аз ин маънӣ хабар дошт, Мар-ӯро ҳамчунин маҳмил набигзошт.